Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

аввал рафиқонаю дӯстона буд. Баъди он ки табибро тарбиятгари бевосираи шоҳзода таъин намуда, ба вазифаи котиби давлатӣ сазовор донист, аз ҳуҷраи кори малика то ҷойи хобаш роҳ он қадар барои дӯсти нав дурӣ накард.

Ҳамзамонон ба ҳайрат афтода буданд, ки бо чӣ Струензееи қоқина қалби маликаи қашангро тасхир намуд. Бояд гуфт, ки малика бо ошиқаш кишварро хеле хуб идора мекард. Сиёсати мӯътадилонаи онҳо ба рушди иқтисодиёт ва обрӯи байналмилалии Дания мусоидат кард. Баъдтар Матилда ба гузаронидани якчанд ислоҳот иқдом намуд ва тарзи иҷрои онҳо бисёриҳоро ба хашм овард ва онҳо роҳи душманӣ пеш гирифтанд. Матилда шӯрои давлатиро пароканда кард ва Христиани аз ақл бегонашударо маҷбур намуд, ки ба фармоие имзо гузорад, ки имзои фаворит Струензее баробари имзои шоҳ меистод.

Вақте ки Матилда машғули омодасозии ҳаёти хуши шахсиаш буд, Юлиянияи маккор ба мисли рӯбоҳи ҳилагар дар камин хатоии ҳарифро интизорӣ мекашид. Чун дид, ки Матилда дар ғафлат мондааст, аз пайи табаддулот шуд.

Ислоҳоти саросемавор ҷорӣ гашта на танҳо ашхоси обрӯманд, балки мардуми оддиро низ ба хашм овард. Ҳатто аскарону маллоҳон даст ба шӯриш заданд. Дар маркази сӯиқасд маликаи бева Юлияния меистод. Барои ташкил кардани табаддулот дар замони ҳукмронии шоҳи ақлгумкарда кори душворе набуд. Матилда бошад дӯсту душманро аз ҳам фарқ карда наметавонист. Яке аз хизматчиёни олимансаби давлатӣ Рансау, ки чанде дар Русия зиста, дар табаддулоти давлатӣ ҷонибдори Екатеринаи II буд, алҳол намедонист тарафи киро: Матилда ё Юлиянияро гирад. Дар охир вай қарор дод, ки ошиқу маъшуқро дар хусуси сӯиқасди Юлияния бохабар созад. Дар қабулгоҳи Струензее ба Рансау эътибор надоданд, аз ин рӯ вай ба сӯи қалъаи Фриденсбург асп тозонд.

Шоми 16 январи соли 1772 дар толори қасри шоҳ дар Копенгаген садои мусиқӣ танин меандохт. Матилдаи соҳибҷамол

пешина
аз 424
навбатӣ