Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

аз Копенгаген, яъне дур аз дарбор дар қалъаи Фриденсбург бояд мезист ва ҳамин тавр ҳам шуд.

Бояд гуфт, ки Христиан, ҷавони ҳабдаҳсола, баъди ба тахт нишастан ҳамчун аспи белаҷому нӯхта ба корҳои беақлона дода шуд ва зангирию зандориро як кори бефоидаи аз ҷиҳати сиёсат маҷбурӣ медонист. Вай ақида дошт, ки дар байни зану шавҳар ягон хел ишқу муҳаббат буданаш мумкин нест ва бо духтаракони дигар машғули айшу нӯш мешуд. Ба ҳамаи ин Матилда устуворона тоб меовард. Аммо маликаи понздаҳсола низ тавонист обистан шавад ва ба шоҳ валиаҳд ба дунё оварад. Бо ин амалаш душмании Юлинияро даҳчанд афзун кард.

Аз таваллуди шоҳзода Фридрих ҳанӯз соле сипарӣ нагашта дарбориён дар рафтори шоҳ Христиан як дигаргунии ҳайратоварро ба мушоҳида гирифтанд. Шоҳро гоҳе бедимоғӣ, рӯҳафтодагӣ, маъюсӣ ва гоҳе шодию фараҳ пахш мекард ва ӯ дуру дароз бе ягон сабабе механдид. Гоҳо шоҳ ҳангоми тановул аз ҷой ҷаста мехест ва аз дасти шахси паси миз нишаста ғизоашро чанг зада мегирифт. Бечора Матилда бемории рӯҳии шавҳарашро дида, ба хулосае омад, ки шояд сайру саёҳат Христианро шифо бахшанд.

Аз саёҳат ором баргашт. Аммо дере нагузашта аз хонаи хобу истироҳати Христиан шавқуну тӯпаланг ва шикастани зарфҳо ба гӯш расиданд. Шоҳ ба бемории рӯҳӣ печид.

Сарвари Дания лаёқати идора намудани давлатро аз даст дод, вале ӯ расман шоҳ буд. Малика, ки дар дарбори Англия тарбия ёфта буд, зуд тадбир ҷуст, ки идораи давлатро ба даст гирад. Бону нерӯ ва ақли комил дошт, то ки дар сари давлат истад. Албатта, ӯро танҳоӣ ба ваҳшат меовард ва ҳисси «бегона» буданаш дар дарбори шоҳи Дания эҳсос мегашт. Ва малика аз пайи дарёфти дӯстон шуд. Ва чунин шахси «дилсӯз» падид омад. Вай табиби дарбори Фридрих Струензее буд. Матилда ӯро то дер зери чашм гирифт, санҷид ва табиб низ зуд ба дилгармии малика бо меҳр посух дод. Муносибати онҳо дар

пешина
аз 424
навбатӣ