Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

МАЛИКА МАТИЛДА
(1751-1775)

Шоҳдухтари англис, ки соли 1766 ба шоҳи Дания Христиании VII ба шавҳар баромадааст. Дар сари қудрат буд ва феълан бо ёрии ошиқаш Фридрих Струензее мамлакатро идора мекард. Бо зӯрӣ аз шавҳараш ҷудо карда шуд ва Данияро тарк намуд.

Дар асри XVIII ин зан басо машҳур буд. Шояд ҳар як қарн ба шахси ҷафодида зарурат дошт, то ки ғамашро бихӯрад, аз зиндагии барабасрафтааш санги надомат бар сар занад, тақдири талхи ӯро зери маломат гирад, ки барояш шавҳари хубе муяссар накард. Ана ҳамин гуна овозаи «нагунбахт»-ии хоҳари шоҳи англис Георгий III Каролина Матилда ҳамаро фаро гирифта буд.

Албатта, зани бадбахт аз ҷониби ҳаводоронаш ба кулли хислатҳои нек сазовор дониста шуда, чунин тавсиф меёфт: зебо, доно ва покдоман.

Охирҳои тирамоҳи соли 1766 Матилда, арӯси шоҳи Дания Христиан ба Копенгаген қадам ниҳод. Аҷибаш ҳамин ки аз рӯзи нахуст бахт ба ӯ омад накард. Чӣ мегӯед, ки ӯро дар қуллаи мурод, дар назди тахти шоҳ «золим»-и ҳақиқӣ пешвоз гирифт. Гап дар он буд, ки падари Христиан Фридрихи V ду дафъа издивоҷ карда буд ва модарандар Юлиания писари ӯгайаш Христианро хеле бад медид. Зеро ба ҷои писари вай валиаҳди тоҷу тахт эълон шуда буд.

Маликаи бевамонда арӯси нозанинро чашми дидан надошт. Чунки оянда аз вай буду Юлиания бо ҳамроҳии писараш дур

пешина
аз 424
навбатӣ