100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
мепиндорад. Духтараки бечора сабаби озорҳояшро мепурсад ва кампир гӯё гуфта бошад, ки дар ин ҳодиса Пётри III даст дорад.
Билохир лаҳзаи озодӣ расид. Мураббии духтарак тотореро ба гап медарорад ва бо ёрии ӯ шабе мегурезанд.
Сарнавишт онҳоро ба манзили форсибадавлат Ҳамат меорад ва дар ҳамин вақт валиаҳди шоҳ Алӣ дар хонаи ӯ меҳмон будааст. Қаҳрамони мо сарватманд мешавад, дар дарбори Алӣ ба вай ҳамчун ба шоҳдухтар муносибат мекардаанд ва ӯ, албатта, ногаҳон мефаҳмад, ки духтари малика Елизавета ва граф Разумовский будааст.
Таърихдонон баҳс менамоянд, ки ин тарҷумаи ҳолро кӣ бофта бошад. Ба ҳар ҳол ин ҳолнома ба конфедератҳои Полша хеле писанд афтод ва онҳо бо Тараканова барои соҳиб шуданаш ба тоҷи Русия иттиҳоди махфӣ бастанд. Агар Тараканова ба тахт менишаст, Полша истиқлолият ба даст меовард ва ба заминҳои зиёд соҳиб мегашт.
Тараканова ба амалиёт оғоз кард. 24 августи соли 1774 ба султони Туркия мактуб навишт, ки ба ӯ ёрӣ расонад, ба ивазаш вай дар ҳалли моҷарои ҳудудии байни Русияву Туркия тарафи султонро хоҳад гирифт. Аммо мактуб ба султони Туркия нарасид. Онро одамони Екатерина ба даст гирифтанд.
Дар Ливорно киштиҳои адмирали рус Алексей Орлов лангар партофта буданд. Тараканова ба адмирал муроҷиат намуд, ки барои ба тахту тоҷи Русия соҳиб шуданаш ёрӣ диҳад. Орлов розӣ мешавад ва князбону Таракановаро бо ҳамроҳонаш ба киштӣ даъват менамояд. Таракановаро ба монандӣ маликаи Русия пешвоз мегиранд ва баъди лаҳзае дар ҳуҷрае қабс менамоянд. Ин ҳодиса субҳи 22 феврали соли 1775 ба вуқӯъ пайваст.
Киштии «Исидора» ӯро ба Русия овард. Ҳамин тавр саргузашти князбону Тараканова, ки як калима ҳам ба забони русӣ ҳарф зада наметавонист, поён ёфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор