Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Тараканова дар хусуси саргузашташ ва аз кадом решаву пайванд буданашро намедонист, то ки чизеро ниҳон нигоҳ дорад.

Вай зани асрорӣ ва эҳсосотие буд ва ҳангоми ба ваҷд омадан бо фатонату зебоият хеле дилрабо мешуд ва ӯ чашми аҳли ҷомеаро соли 1772 ба худ кашид. Синну соли ҳақиқии ӯро низ касе дуруст намедонист. Худаш мегуфт, ки 23 сол дорад, аз рӯи баъзе ҳуҷҷатҳое, ки ҳаводоронаш таҳия карда буданд, 30 сол дошт. Албатта, ҳамааш мувофиқи хости онҳое буд, ки баҳри ба мақсад расидан аз Тараканова валиаҳди салтанат сохтанд. Мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки он замон (1772) вай тахминан 20–30-сола будааст.

Номи ҳақиқии бонуи моҷароҷӯ низ ошкор нашуд, ки ин бисёр ҳайратовар аст, зеро дастгоҳи тафтишотии Русия хеле пурқувват буд ва ҳам малика Екатерина мехост ҳақиқатро дарёбад. Қаҳрамони мо худро хонум Франк ва ҳам Шол ва ҳам Алии Эметӣ, инчунин князбону Волдомири Қафқозӣ, шоҳдухтар Азов, графбону Пиннеберг ва дар охир малика Елизавета меномид. Танҳо бо номе, ки ин зани моҷароҷӯ бо он ба таърих ворид гаштааст, аз ҷониби худаш истифода бурда нашудааст. Онро ба қаҳрамони мо тадқиқгарон додаанд, гӯё ба сабаби он ки наслҳои ояндаи Елизавета Петровна ва граф Разумовский насаби Таракановҳоро гирифта будаанд. Вале чи тавре ки пироҳани зиндагиномаи ҳақиқии бонуи моҷароҷӯ аз воқеаҳои ғайриоддӣ ва тасодуфҳо дӯхта шуда буд, ҳамон гуна номи ӯ ба вай ногаҳонӣ пайвандӣ ёфтааст.

Афсонае, ки князбону Тараканова бофта буд, ба романҳои занонаи охири асри XVIII бештар монандӣ дошт. Қаҳрамони мо гӯё волидайнашро намедонистааст, аммо ба тарзи мазҳаби православӣ ғусли таъмид шудааст ва гӯё дар нӯҳсолагиаш ӯро ба Петербург оварда бошанд. Ин ҳодиса соли 1761, ҳангоми вафоти Елизавета Петровна рӯй додааст. Баъд, гӯё ки духтарак дар тарбияи пирзоли фаромӯшхотире будааст. Духтарак доимо касал мешудааст ва онро ӯ аз ҳар гуна ғизоҳои заҳролуд

пешина
аз 424
навбатӣ