100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
КНЯЗБОНУ
ТАРАКАНОВА
(Тахминан
1745-1775)
Зани моҷароҷӯйе, ки худро ба сифати духтари маликаи Русия Елизавета Петровна (фарзанди Пётри якум) муаррифӣ мекард ва ба тахту тоҷ ҳуқуқ доштанашро иброз медошт. Дар Италия ба ҳабс гирифта, ба Русия оварда мешавад. Соли 1775 ӯро дар қалъаи Петропавловск маҳбус карданд ва дар ҳамин зиндон аз бемории сил фавтидааст. Ривояте ҳам ҳаст, ки гӯё ҳангоми зери мавҷҳои баҳр мондани таҳхонаҳои қалъа ҳалок шуда бошад. Аммо ин ривоят асоси таърихӣ надорад.
Гоҳе дарк намудани он душвор мегардад, ки чаро ин ё он номе дар таърих мемонад. Дар ин бобат китобҳои зиёди адабӣ ё тадқиқоти илмӣ навиштан мумкин, аммо, ба ҳар ҳол, дар ин ҷо сирре махфӣ, нокушода мемонад. Бонуи моҷароҷӯй, ки ин ҷо дар хусуси ӯ сухан меравад, ҷараёни таърихро дигар накард, ягон чизи фавқулоддаеро насохтааст, ба ақидаи ҷомеа таъсире нагузоштааст, вале шахсияти ӯ асрҳо боз ақлҳоро ба таҳрик овардааст. Чӣ қадар китобҳо навишта шудаанд, чӣ андоза тадқиқотҳо анҷом ёфтаанд, лекин ҳанӯз ҳам парда аз рӯи асрори князбону Тараканова бардошта нашудааст. Вай кӣ буд?
Аз ҳама аҷибаш дар муаррифиномаи ӯ саргумиii воқеаҳо,
пеҷдарпечии ҳодисаҳост. Ҳеҷ кас: на ошиқонаш, на муфаттишони Екатеринаи II, на тадқиқотчиён ҳақиқатро рӯи об бароварда натавонистанд. Ба назар чунин мерасад, ки худи князбону

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор