100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Мария қасам хӯрд, ки аз Дарнлей қасос меситонад. Мария ба граф Босуэл дил дод ва ҳамин мард Марияро ба вартаи ҳалокат рӯ ба рӯ кард. Мария дар хусуси рафтораш чуқур андеша намеронд, ба эҳсосот дода мешуд ва бо амри ақл неву ба гуфти дил амал менамуд. Дил мегуфт, ки аз шавҳараш халос шавад. Мария бо макру ҳиял Дарнлейро ба дом афтонд ва бо ёрии Босуэл ба охират гуселонд. Сӯиқасд ошкор шуд. Босуэл гурехт. Мария шармандаву беобрӯ гашт. Малика Мария Стюарт 2 майи соли 1568 ба Англия гурехт, назди холаш Елизаветаи I. Маликаи Англия ӯро дар қалъа ҳабс кард. Нуздаҳ сол Мария Стюарт нони маҳбас хӯрд, бемор шуд, пойҳояш варамид ва дар миёнсолӣ пир шуд.
Новобаста ба ин фаронсаву испаниҳо мехостанд Мария Стюартро ба озодӣ бароварда, тоҷи Англияро бар сараш гузоранд. Албатта, ин воқеӣ набуд, аммо Елизавета чунин мепиндошт. Аз ин рӯ Марияро дар сӯиқасд муттаҳам намуда, ба суд дод. Суд ба қатл ҳукм кард. Елизавета ним сол ба он имзо нагузошт. Зиндонбон Паулетро гуфтанд, ки ба таври махфӣ маҳбусро ба дунёи охират фиристад. Вале ӯ аз иҷрои ин амр сар печид. Охируламр ба Елизавета зарур омад, ки ба яке аз воқеаҳои нангини таърих даст бизанад ва ҳамчун қотили Мария Стюарт номашро доғдор намуда ва ба рехтани хуни шоҳон ва наздикони онҳо оғоз бахшад. Мария Стюарт ҳамчун малика, бе ягон тарсу ҳарос ва талвоса дар рухсорааш сар зери табар гузошт. Ба саҳифаҳои таърих низ чун зани бовиқор, озод ва шикастнопазир ворид гашт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор