Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Вақте ки шоҳдухтар ба синни 15 расид, шоҳ Ҳенрихи II издивоҷи ӯро бо валиаҳд тезонд. Ин ҷо мақсади сиёсӣ низ ниҳон буд. Франция мехост нуфузашро ба ҷазираҳои Англия бештар созад. Баъди 7 моҳи ҷашни арӯсии Мария Стюарт бо Франсиски II ба тахти Англия Елизаветаи I соҳиб гардид, ки ба Мария аз тарафи модар хеш ба ҳисоб мерафт. Ба ақидаи дарбори Франция Мария низ вориси қонунии тоҷи Англия дониста мешуд, зеро аз насли рӯ ба рости Ҳенрихи VII буд. Бо саросемагиву шитобкорӣ Ҳенрихи III Стюартро маҷбур намуд, ки нишонии шоҳигарии Англияро қабул намояд ва бо нишонии шоҳигарии Шотландия бипайвандад. Бо ин амали беандеша вай ба муборизаи бераҳмонаи байни Елизаветаю Мария Стюарт асос гузошт.

То даме, ки қаҳрамони мо дар Франция шаҷараи сулолавиашро мураттаб менамуд, дар ватанаш муборизаи мазҳабӣ дар байни протестантҳою католикҳо, ҷонибдорони фаронсавӣ-ву англисҳо авҷ гирифт. Дар набудани малика Шотландияро порлумон идора мекард, ки зери таъсири Англия буд. Аъзои порлумон шарм надошта мегуфтанд: «Малика Елизавета дар бобати амният ва озодии Шотландия бештар чора андешидааст, аз ин рӯ шоҳигарӣ ба ӯ бояд арҷ гузорад на ба сардори давлати худ». Баъди он ки соли 1560 шавҳараш ногаҳон мемирад, Мария ба Шотландия меояд ва нисбати худ муносибати сарди аҳли дарборро эҳсос менамояд.

Шоҳигарӣ бо муаммоҳои сарбастааш ба Мария насиб гашт. Чӣ илоҷ, тахту тоҷро ба мисли падару модар интихоб намекунанд.

Дар ин шароити мураккаб Мария хато кард. Ба ҷои интихоби роҳи дурусти сиёсӣ ба кӯи ишқ рафт ва саросема бо лорд Дарнлей ақди никоҳ баст. Чун фаҳмид, ки лорд шахси тиҳимағз аст, аз ӯ дурӣ ҷуст. Аммо шавҳари бадрашкаш ӯро ором намегузошт. Вай боре ба котиби малика Давид Риччо рашк карду нисфирӯзӣ ҳангоми хӯрокхӯрӣ ба дилаш шамшер зада кушт.

пешина
аз 424
навбатӣ