100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Елизаветаи I ба ҳабс гирифта шуд. Мария Стюарт барои иштирок дар суиқасди католикҳо бар зидди малика гунаҳгор дониста шуда, дар суд ба марг маҳкум гар- дид ва ба қатл расид. Дар адаби- ёти бадеӣ симои Мария Стюарт ба тарзи идеалӣ тасвир ёфтааст, ки аз асл хеле дур аст.
Марги ин зан нисбат ба зинда- гиаш бисёр боҳашамат ва пурмаъ- ност. Гӯё ки роҳи начандон тӯло- нии Мария Стюарт бо суръат ба сӯи интиҳо мерафт, дар ҳаёти берабтонааш ӯ ҳамаи корҳоро ба сомон расонд, то ки дар зери дор онро анҷом диҳад, гӯё дар ин амал Парвардигор тақдири ояндаи бузурги ӯро медид.
«En ma fin est mon commencement» — «Оғози ман дар поёни ҳаётам» чунин ифодаро вай ҳанӯз дар наврасиаш ба матои кимхоб гулдӯзӣ карда буд. Гуфтан душвор аст, ки ба кадом сабаб духтараки дар дарбори шоҳи Франция тарбиятгиранда ба чунин суханҳои аҷоиб таваҷҷӯҳ зоҳир сохтааст, вале дар ин гуфтаҳо вай тақдири таърихиашро пешгӯӣ намудааст.
Вай духтари шоҳи шотландӣ Якови V ва ҳерсогинаи фарангӣ Марияи Лотарингӣ буд. Дар панҷсолагиаш малика шуд, баъди он ки падараш аз бемории вараҷа бимурд. Вақте ки дворянҳои ма- ҳаллӣ ба тақсимоти ҳукумат машғул буданд, Марияро ба дарбори шоҳи Франция фиристоданд, то ки дар ҷои бехатар ба воя расад.
Дарбори шоҳ олиҷаноб буд аз ҳар ҷиҳат, вале як камбудӣ дошт, ки наврасонро зуд ба кӯчаи бадахлоқӣ, бепарвоӣ, тан- парварӣ мекашид. Мария Стюарт маълумоти хуби фарҳангӣ гирифт. Шеър менавишт, оҳангҳо менавохт, ба забони аҳли зиё — лотинӣ мақсадашро ифода мекард. Дере нагузашта ба арӯси зебое мубаддал гашт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор