Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

нафаҳмид, аммо бо хоҳиши дили шоҳбону рафтор намуда, қатли Мария Стюартро ба иҷро расонд. Қатли хоҳарзодаашро шунида малика хеле гирист ва аз ошӯби католикҳо тарсида Дэвисонро ҳабс кард. Ба сафири Франция гуфт, ки ҳеҷ гоҳ ин амалро ба вазиронаш намебахшад. Аммо дар таърих ҳамчун котили ҳариф монд.

Малика Елизавета кишварашро хеле муқтадир кард, аммо ба шавҳар набаромад. Шояд ҳукуматро тақсим намудан намехост. Аммо ошиқе дошт. Вай граф Лестер буд. Баъди хиёнати Лестер (вай пинҳонӣ зан гирифт) Роберт Девери ҳабдаҳсола бо ёрии Лестер ба хилваткадаи малика роҳ ёфт. Елизавета 17 сол бо ин ҷавон ғайрирасмӣ зист. Вақте ки дар Ирландия шӯриш сар зад, малика граф Эссекс Роберт Деверро ба пахш кардани он бо лашкари зиёд фиристод. Юриши ошиқ бефоида баромад. Вай бо рақибон сари мизи гуфтушунид нишаст ва созишномаро ба манфиати ошӯбгарон ба имзо расонд. Аз хатои ӯ истифода бурда ҳасудхӯрон граф Эссексро ҳамчун хоин ба малика ҷилва доданд. Суд ҳукми қатл баровард.

Маликаи ҳафтодсола аз марги ҷавони дӯстдоштааш хеле ғусса хӯрд. Бемор шуд. Тоҷи шоҳигарии Англияро ба писари Мария Стюарт - шоҳи Шотландия Яков васият карду баъди чилупанҷ соли салтанат аз дорулфано ба дорулбақо бирафт.

МАРИЯ СТЮАРТ

(1542-1587)

Маликаи Шотландия дар солҳои 1542-1567, ба тахти шоҳигарии Англия низ довталаб буд. Шӯриши ашрофони мазҳаби калвинисти шотландӣ ӯро маҷбур сохт, ки аз тахту тоҷ даст кашида, ба Англия фирор намояд. Бо фармони малика

пешина
аз 424
навбатӣ