100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Мария Стюарт хеле зебову қашанг буд ва аллакай ана ҳамин боиси он мешуд, ки дигар занони дарбор дӯст надорандаш. Елизавета низ аз ин ҳисоб берун набуд. Рашкину шаҳватпараст буду намехост ҳарифи муқтадирро ба дарбораш роҳ диҳад, ки дар ин ҷо танҳо духтарони нодон ҷой меёфтанд. Вале чизи марговари дигар барои Мария Стюарт он буд, ки вай вориси тоҷи Англия ба ҳисоб мерафт ва ба мисли Елизавета ба тахти Англия ҳуқуқи баробар дошту папаи Рим Пийи V ҷонибдориаш мекард. Зеро Мария католики намунавӣ буд.
Бояд гуфт, ки тарбияи фарҳангии дар Франция гирифтаи Мария бо ақли солим устувор нашуда буд. Вай ба воқеаҳои авантюристӣ шавқ дошт, оқибаташро фикр намекард, аз ин рӯ бисёр вақт ба ҳолатҳои ногувор меафтод. Вақте ки шоҳбонуи Шотландия буд, бар зидди худ оппозицияро шӯронд ва онҳо Марияро барои дар куштори шавҳараш даст доштан набахшиданд. Ва ӯ маҷбур шуд, ки фирор намояд. Вале ба куҷо? Албатта, ба Англия омад, дигар ҷои рафтан надошт. Аммо холааш Елизавета дар ҳолати ногувор монд. Ба шаънаш намезебид, ки Марияро ҷазо диҳад, ба Франция ва Испания ҳам фиристода наметавонист. Зеро Мария аз он ҷо бо ёрии нерӯҳои хориҷӣ ба тоҷи Англия таҳдид карданаш аз эҳтимол дур набуд. Ба ёрии Елизавета айёрии занона омад. Вай аз вохӯрӣ бо хоҳарзодааш даст кашид ва фармон дод, ки ба қалъаи Фотерингей баранд. Ва тӯли нуздаҳ сол Мария Стюарт асири Елизавета шуд ва ба ҳамин муддат хотири холаашро мушаваш нигоҳ дошт. Ғайр аз ин ҳар гоҳ-ҳар гоҳ ошӯбҳои католикҳо сар мезаданд, ки тоҷи Шотландияро ҷонибдор буданд ва онҳоро шоҳи Испания пуштибон буд. Мария низ бо онҳо пайваст. Вақте ки сӯиқасд ба шоҳи Англия фош шуд, Марияро суд ва ба қатл ҳукм карданд. Аммо Елизавета натавонист ба фармон имзо гузорад, ҳарчанд ҳукми суд бо амри ӯ содир гашта буд. Ним сол ҳукм беамал истод. Дар охир Елизавета санади судро ба котиби давлатӣ Дэвисон супурд ва ҳалли онро ба тарзе иброз дошт, ки Дэвисон чизе

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор