Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

ба миён оварда, дар ботинашон инқилобҳо намудааст. Елизаветаи I ҳамин гуна шоҳ буд. Дар зиндагиаш низ шоиру нависандаҳо дар васфаш достону ҳиссаҳо офаридаанд. Шекспири бузург низ дар хусуси ӯ асаре нигоштааст. Рассомон суратҳои зиёде кашида, ба мерос гузоштаанд.

Шоҳи шаҳватпараст Ҳенрихи VIII, падари Елизавета, ба ҳуқуқи валиаҳдии салтанат нофаҳмиҳои зиёде ворид намуд. Вай духтарашро валиаҳд эълон кард, аммо баъди ду сол, вақте ки Ҳенрих бо Иоанna Сеймур ишқ меварзид ва завҷаи аввалааш Анна Болейн – модари Елизаветаро ба қатл расонд, он гоҳ духтари бечора ҳамаи ҳуқуқи ба тахту тоҷ доштаашро гум кард. Аммо пеш аз марг Ҳенрих аз нав ҳуқуқҳои духтаронашро ба тоҷи давлатдорӣ барқарор намуд. Ҳамин тавр, вақте ки Марияи хунхор (Мария духтари калонии Ҳенрихи VIII ва Екатеринаи Арагонист, ки никоҳашон соли 1553 бекор карда шуда буд ва соли таваллуди Мария 1510 аст, ӯро барои он «хунхор» меноманд, ки бо фармомаш қариб 300 нафар протестант ба қатл расидааст) соли 1558 вафот кард, ба ҷояш Елизаветаи I Тюдор шоҳ шуд.

Нахустин кори оқилонаи шоҳбону ҳамин буд, ки бо фармонаш калисои англисиро барқарор намуд, ки он нишонаҳои ҳам протестантӣ ва ҳам католикӣ дорад ва як андоза протестантҳою католикҳоро ба муросо овард. Қонунҳое ба тасвиб расонд, ки дигар касе ҷуръат намекард, ки гӯяд шоҳбонуи мо аҳли «бидъат» аст ё ба тахту тоҷ ҳуқуқ надорад, ё тахту тоҷ ба дигар шахс мутааллиқ аст. Зуд даҳонашро мебастанд, ки дигар овоз он тараф истод, нафасаш намебаромад.

Вале шахси дигар, соҳиби ҳақиқии тоҷи шоҳӣ ба ҳар ҳол пайдо шуд. Вай хоҳарзодаи Елизавета Мария Стюарт буд. Дар таърих кам номҳое ёфт мешаванд, ки ба ин сурат ба ҳам тавъам шудаанд. Чи қадар гапу калоча, чи қадар суханони бофтаю сохта, чи қадар асарҳои бузурги санъат офаридааст ин «ҷуфт»-и занҳо.

пешина
аз 424
навбатӣ