100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
пир буду зиёд бемор мешуд, аммо дар марги ӯ асроре ниҳон аст. Сирри аз ҳама муҳим он чиз буд, ки ӯ мехост дар анҷумани XVIII ҳизби коммунист ба забон орад. Вай ба чанде аз наздиконаш гуфта будааст, ки мехоҳад дар назди вакилони съезд сухан гӯяд.
Шояд бар зидди Сталин ва сиёсати ӯ чизе гуфтан мехост. Субҳи 24 феврали соли 1939 ӯ чун ҳарвақта кор мекард. Рӯзона дӯстонаш омаданд, ки ҷашни 70-солагии дарпешистодаашро қайд намоянд. Соати 7-и бегоҳӣ нохост бемор шуд. Баъди сеюним соат духтур омад. Ташхис нишон дод, ки кӯррӯдааш иллат доштааст, бояд ҷарроҳӣ мекарданд. Аммо бо сабабе ин корро ба сомон нарасонданд. Надежда Константиновна бо азоби алим 27 феврал дунёро падруд гуфт. Моҳи март анҷумани XVIII ҳизб оғоз ёфт.
ЕЛИЗАВЕТА ТЮДОР
(1533-1603)
Маликаи Англия аз соли 1558, духтари Ҳенрихи VIII ва Анна Болейн. Дар замони ҳукмронии Елизаветаи I мавқеи ҳокимияти мутлақ қувват гирифт, каликои англисӣ эҳё гашт, нерӯи ҳарбии баҳрии шикастнопазири Испания торумор гардид (1588), мустамлика кардани Шотландия вусъат ёфт.
Дар таърихи ҳар кишвар ҳукмронҳое будаанд, ки пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии мамлакат ба номи онҳо сахт марбут аст. Ислоҳоти онҳо дар ақидаи шаҳрвандон низ дигаргуниҳоро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор