100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Шаби якшанбеи оянда Ульянов рӯшании чароғи хонаи Надеждаро дида, меҳмонаш шуд.
Вақте ки Владимир Ильич аз маҳбас нома навишта, Надеждаро ба издивоҷ хонд, Крупская чунин посух дод: «Хайр чӣ, зан бошад зан-дия». Ӯ медонист, ки дигар ҳеҷ гоҳ аз «худояш» ҷудо нахоҳад буд, акнун бошад барои ин амал ҳуқуқ ҳам пайдо мекард.
Оё ӯ Ленинро дӯст медошт? Бале, агар вафодории шикастнопазир ва дарки самимонаро муҳаббат гуфтан ҷоиз бошад.
Дар бораи ишқварзиҳои Инесса Арманд бо Ленин овозаҳо зиёданд. Алҳол бо санадҳо собит шудааст, ки доҳӣ ба ин инқилобгари қашанг бетараф набуд. Вале дар бобати муносибати байни Арманду Крупская мо ягон ҳуҷҷате дар даст надорем. Онҳо, се нафар, дар вагони мӯҳрзада моҳи феврали соли 1917 ба Русия баргаштанд. Мегӯянд, ки Крупская азоби рӯҳии Ленинро дида, ба ӯ пешниҳод намудааст, ки расман ҷудо шаванд, то ки вай ба висоли дӯстдоштааш Инесса бирасад.
Зани оқила, ҳеҷ чиз гуфта намешавад. Шояд медонист, ки ба ӯ чизе таҳдид нахоҳад кард. Ҳиссиёт ҳиссиёт аст, аз он шахси оҳанинпайкар ҳам истисно буда наметавонад, вале ягонагӣ, муттафиқии ду шахс аз ҳама чиз зӯртар, тавонотар аст. Бесабаб нест, ки Ленин дар охирҳои умр завҷаашро аз худ як қадам ҳам дур рафтан намемонд. Соли 1919 Крупская аз шавҳараш хоҳиши дар Урал монданро мекунад ва ба чунин мазмун аз Ленин нома мегирад: «...ва ту чӣ тавр тавонистӣ ба чунин хулоса ой? Дар Урал мондан? Мебахшӣ, вале ман ба ҳайрат афтодам, лол мондам».
Крупская баъди вафоти Ленин боз 15 сол умр дид. Сталин ҳанӯз дар зиндагии доҳӣ мехост «кампирак»-ро аз канори пешво дур андозад. Аммо ба мақсад нарасид. Аз ин рӯ, баъди вафоти Ленин Сталин бо Крупская ба ҷанги беамон бархост. Вай намехост бо касе ҳукуматро тақсим намоянд ва пеш аз ҳама бо беваи Ленин. Крупская аз дунё ноаён даргузашт. Оре, вай

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор