Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Баъди ваҳии дуюм Муҳаммад (с) ба паёмбари Худо буданаш мӯътақид гашт ва баҳри иҷрои супоришҳои аз осмон нозилшуда пардохт. Ҳарчанд Муҳаммад (с) ба падида аҳамияти беандоза медод, барояш чизи асосӣ ҳамон ваҳӣ, яъне Қуръон буд.

Қуръон аз аввал ба Муҳаммад (с) ба шакли китоб менамуд, аммо ин китоб ба он китобҳои оддӣ – эҷоди дасти одамӣ монанд набуд: вай дар осмон вуҷуд дошт ва аз он ҷо ба Паёмбар интиқол меёфт: «Ва ҳамоно Худои ту бисёр муқтадир ва меҳрубон аст. Ва ин Қуръон ба ҳақиқат аз ҷониби Худо нозил шуда. Ҷабраил руҳ-ул-амин (фариштаи бузурги Худо) нозил гардонид. Ва онро бар қалби ту фуруд оварда, то ба андарз ва ҳикматҳои он халқро мутазаккиртар сохта ва аз иқоби Худо битарсонӣ. (Ва ба роҳи Худо мардумро) ба забони арабии фасеҳ (ҳидоят кунӣ). Ва зикри азамати ин Қуръон дар кутуби анбиёи пешин мастур аст» (Сураи XXVI, 191-196).

Ғояи асосии дини асил дар чист?

Ҳамаи маводи рӯи замин аз Худо ибтидо гирифта. Бе амри Парвардигор одамӣ наметавонад кори хайре ба ҷо орад. Дар иҷрои ҳар амали нек инсон аз Худованд дастгирӣ меёбад. Вагарна ба ҷое намерасад.

Ба инсон танҳо ояндааш дахл дорад: агар вай ба Худо бовар намояд ва амру наҳии Парвардигорро ба ҷо орад, наҷот меёбад ва дар ҳаёти ондунёӣ аз ҳамаи нозу неъматҳо баҳравар мегардад; агар эътиқод наоварад ва амру наҳии Аллоҳро иҷро накунад, худро ба ҷабру ҷафо гирифтор месозад ва ба оташи дӯзах меафтад. Парвардигор ашхоси бедину диёнатро бад мебинад. Вале аҳли ислом, ки намоз мегузоранду некӣ мекунанд, ба афтодаҳо садақа медиҳанд, аз Худо подош мегиранд, онҳо аз тарсу ҷазо наҷот меёбанд.

пешина
аз 424
навбатӣ