100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Нишонаи асосии эътиқод ба Худо намоз аст, ба наздикон – хайру эҳсон, ба худ шикастанафсӣ ва рӯзадорӣ. Дар Қуръон омадааст: «Ва чӣ гуна тавондонист, ки он ақабаи (ағбаи) таклиф ва имон чист? Он банда (дар роҳи Худо) озод кардан аст. Ва ба мискин таом додан дар рӯзи қаҳтӣ ва гуруснагӣ аст ё ба ятими хешовандони худ (эҳсон кардан аст), ё ба фақири музтари хокнишин (дастгирӣ кардан аст) (Сураи ХС, 12-15).
Муҳаммад (с) ҳеҷ гоҳ ба худ баҳои фавқуттабиӣ намедод ва таъкид менамуд, ки танҳо гуфтаҳои Парвардигорро ба бандагонаш мерасонад: «Ва Муҳаммад (с) нест магар паёмбаре аз тарафи Худо, ки пеш аз ӯ низ паёмбароне буданд ва аз ин ҷаҳон даргузаштанд, агар ӯ низ ба марг ё шаҳодат даргузашт, боз шумо ба д-ин ҷоҳилияти худ руҷӯъ хоҳед кард? Пас ҳар кӣ муртад шавад, ба Худо зараре нахоҳад расонид, худро ба зиён андохта ва ҳар кас шукри неъмати дин гузорад ва дар ислом пойдор монад, албатта, Худованд ҷазои аъмоли нек ба шукргузорон ато хоҳад кард» (Сураи III, 138).
Дини ислом рӯз ба рӯз рушд меёфт. Дар соли 617 қурайшиҳо бо мусалмонон ҳамаи доду гирифтро қатъ намуданд. Соли 619 Хадича, баъди чанд ҳафтаи дигар Абутолиб аз дунё реҳлат карданд. Зиндагӣ дар Макка ба мусалмонон, ки таъқиб мешуданд, танг гашт. Муҳаммад (с) бо умматонаш ба Ясриб ҳиҷрат намуд. Дар ин шаҳр муттасил одамон гурӯҳ-гурӯҳ ба ислом мегаравиданд. Охири соли 629, аввали соли 630 Муҳаммад (с) ба Макка баргашт.
Наздик шудани сафари охиратро Муҳаммад (с) эҳсос намуд. Моҳи марти соли 632 бо 14 ҳазор мусалмон маросими ҳаҷро ба ҷо овард, дар назди ҳозирин ваъз гуфт ва бо овози баланд таъкид кард, ки вазифаашро ҳамчун Паёмбари Худо ба ҷо овард. Ҳаштуми июни соли 632 ба масҷид омад, бо намозгузорон видоъ намуд, баъди чанд соат дар рӯи дасти завҷаи маҳбубаш Бибӣ Оиша, духтари Абубакр, аз олам чашм пӯшид.
Муҳаммад (с) дар Мадина маъвои абадӣ ёфт ва оромгоҳаш зиёратгоҳи мусалмонон гаштааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё