Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Чунин ҳикоят мекунад худи Муҳаммад (с): «Нохост дар хоб ҳис намудам, ки касе ба ман наздик омад ва гуфт: бихон! Гуфтам: не! Он гоҳ вай чунон тазъӣқам дод, ки хаёл кардам, мемирам ва такрор намуд: бихон! Боз рад кардам, дуюмбора фишурд ва ман ин суханонро шунидам: «(Ай Расули худо бархезу Қуръонро) ба номи Парвардигорат, ки Худои офаринанDаи олам аст, бар халқ қироат кун. Он Худое, ки одамиро аз хуни баста биофарид. Бихон! Парвардигори ту каримтарини каримони олам аст. Он худое, ки башарро илми навиштан ба қалам омӯхт ва ба одам он чиро, ки намедонит, ба илҳоми худ таълим дод» (Сураи XCVI, 1-5). Вақте ки инро хондам, падида дур шуд ва ман бедор гаштам. Ва ман ҳис намудам, ки ин гуфтаҳо дар дилам абадӣ нақш бастаанд».

Муҳаммад (с) бо як ҳаяҷони зиёде ба хона баргашт. Хадича бо диққат ва бо боварии том нақли ӯ (с)-ро шунид. Варқа, хеши Хадича, ки ба ин муносибат даъват шуда буд, гуфт: «Эҳтимол гапат рост аст. Эй Хадича, шояд ба ӯ Номуси Акбар (Ҷабраил) омадааст, оне, ки ба Мӯсо (а) меомад ва дар ин ҳол Муҳаммад (с) паёмбари ин уммат хоҳад шуд».

Баъди ин ба Муҳаммад (с) чизе рӯй надод, вале ӯ шояд ҳодисаеро интизорӣ мекашид, аз ин рӯ, боз ба бодия рафт, ҳарчанд вақташ ҳанӯз нарасида буд. Дар кӯҳ танҳо қадам зад, андӯҳи гарон ба қалбаш тазйиқ меовард, барои аз ғусса раҳоӣ ёфтан тайёр буд, ки аз шахи баланде ба поён биҷаҳад. Нохост тобиши ҳайратангези илҳоми ваҳӣ ӯро фаро гирифт, рӯҳан ором шуд. Ба хона баргашт, ҷисмаш хаста буду дарақ-дарақ меларзид. Дар боғча рӯи фарш хобид ва хоҳиш намуд, ки ба болояш ҷомае партоянд. Ва ҳамон замон чунин суханонро шунид: «Ало, эй Расуле, ки худро бо либоси (ҳайрат ва фикрат) печидаӣ. Бархез ва халқро худотарс гардон. Ва Худойро ба бузургӣ ва кибриёӣ ёд кун. Ва либос (ҷону тан)-ро аз ҳар айб ва олойиш пок ва покиза дор. Ва аз нопокӣ (бут ва бутпарастон) ба куллӣ дурӣ гузин. Ва ба ҳар кӣ эҳсон кунӣ, абадан миннат магузор. Ва (ҳар чӣ дар таблиғи рисолат аз халқ озор бинӣ,) барои Худо сабру шикебоӣ пеш гир» (Сураи LXXIV, 1-7).

пешина
аз 424
навбатӣ