Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Муҳаммад (с) — асосгузори яке аз динҳои бузурги ҷаҳон — ислом буда, чун сиёсатмадор ва сарлашкар низ маъруф гаштааст. Як гурӯҳи хурди сипоҳиёни араб бо сарварии Муҳаммад (с) бо имон ба ягонагии Худо, тавонист ба бисёр музаффариятҳо ноил шавад. Як садсола ҳам сипарӣ нагашта пайравони Муҳаммад (с) империяи бузурге барпо намуданд, ки аз сарҳади Ҳинд то уқёнуси Атлантик тӯл мекашид.

Муҳаммад (с) 29 августи соли 570 дар Макка таваллуд ёфтааст. Вай аз рӯи насаб ба қабилаи қурайшиҳо, ба авлоди ашроф мансуб будааст. Падари ӯ Абдуллоҳ, набераи Ҳошим, тоҷири хурде буд ва ду моҳ пеш аз мавлуди писар аз дунё рахти сафар баст. Баъди шаш сол модараш Омина, зодаи шаҳри Мадина, низ зиндагиро падруд гуфт. Тарбияи Муҳаммад (с)-ро аввал бобояш Абдулмуталлиб, сипас амакаш Абутолиб ба зимма доштанд. Ҳанӯз дар айёми наврасӣ амакашро дар корҳои тиҷоратӣ ба Сурия ҳамроҳӣ кардааст. Ва ҳамон вақт дар Басра, аз рӯи ривоятҳо, роҳибе бо номи Баҳир (Сархиш) ояндаи бузургашро ба ӯ пешгӯӣ намудааст.

То бистучорсогимаш Муҳаммад (с) дар хизмати амакҳояш буд, гӯсфандонашонро бонӣ мекард, баъд коргузор шуд.

Ҳангоми хизмат дар байни ҳамқабилаҳояш бо покӣ, баимонӣ, хушкорӣ ва бовичдонӣ маъруфият ёфт ва аз ин рӯ ӯро Амин мехонданд.

Соли 594 Хадича — зани беваи бадавлат, хеши дури Муҳаммад (с), духтари Хувайлид, набераи Абдуманоф ба ӯ назари илтифот андохту коргузори молу мулки хеш таъин кард. Вай (с) корвони Хадиҷаро ба Сурия бурд ва бо фоидаи зиёд баргашт. Соле баъд тӯйи хонадории онҳо баргузор шуд. Он замон Хадиҷа чил сол дошт. Муҳаммад (с) биступанҷсола буд. Издивоҷ ҳаёти онҳоро рангин сохт. Вале се писаре, ки Хадиҷа таваллуд кард, дар айёми тифлӣ оламро падруд гуфтанд. Духтаронашон Зайнаб, Руқия, Умми Кулсум ва Фотима ба воя расиданд. Духтари охирин ҳангоми 51-солагии Хадиҷа ба дунё омад, баъди ин ӯ боз 13 соли дигар зиндагӣ кард.

Муҳаммад (с) аз чилсолагӣ гузашт. Ҳаёти шахсиаш мӯътадил буд. Ӯ мисли ҳарвақта завҷаашро дӯст медошт. Духтари калонӣ ба шавҳар баромадаву дуюмӣ фотиҳа шуда. Ба Алӣ (р), писари амакаш Абутолиб ва ба писархондаш Зайд ибни Ҳориса (р) меҳри беандоза мепарварид. Зайд ғулом ва масеҳӣ буд. Муҳаммад (с) ӯро озод намуд ва писархонд гирифт. Ҳамаи наздикону ҳамсӯҳбатон Муҳаммад (с)-ро барои некию накӯкориаш дӯст медоштанд. Сарвати завҷааш ӯро аз ташвишҳои зиндагӣ раҳои бахшид. Вай метавонист бо фароғат ҳаёташро идома бахшад, агар ваҳй намеомад.

Аз рӯи ривоятҳо Муҳаммад (с) ҳар сол моҳеро дар кӯҳи Ҳиро, наздикии Макка, дар танҳоӣ, банди андешаҳо сипарӣ мекард. Ақли гиро, заковати беҳамтояш он донишҳоеро, ки аз зиндагии ҳаррӯза мегирифт, ҳазм менамуд ва меомӯхт. Дар ниҳоди ӯ (с) ақидае устувор мегашт, ки бутҳои берӯҳу беқувват худои онҳо нестанд, Худои ҳақиқӣ ягона аст, бузургу беҳамтост, бар болои ҳама ва барои ҳама. Худо ҳақиқати худ ва иродаи хешро ба мардуми гуногун ба воситаи паёмбаронаш ирсол медорад, вале арабҳо худоро намедонанд, зеро эътиқод ба Иброҳимро фаромӯш кардаанд ва ба назди онҳо паёмбари Худо низ наомадааст, то ки хотиррасон намояд аз вуҷуди Оллоҳ. Дар моҳи Рамазони соли 610 (ё 612), ҳангоми сайру гашти ҳарсолаи одатиаш ӯ (с) ба ғоре медарояд. Аз пиёдагардӣ ва фикру андешаҳои зиёди беҳосил хаста шуда буд. Аз ин рӯ, дар гӯшае ҷой мегирад ва хобаш мебарад. Ва баъд...

пешина
аз 424
навбатӣ