Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

шудааст, сахт пайвандӣ дорад. Сиёсати дурӯягии Екатерина ба он оварда расонд, ки мавқеаш дар байни қувваҳои сиёсӣ суст шуд. Вай барои нерӯ гирифтан духтараш Маргаритаро ба шоҳи Наварра ба занӣ дод, ки вай душмани қаттоли оилаи Гизҳо буд. Шаби ҷашн, аз 23 ба 24 августи соли 1572 байни католикҳо ва гугенотҳо ҷанг шуд ва то баромадани офтоб танҳо дар Париж 2 ҳазор нафар гугенот ба қатл расид. Шоҳ Карли IX аз бераҳмии модар ба хашм омад, зеро духтари адмирал Колининии гугенотро дӯст медошт. Муносибати шоҳ ба модар рӯз ба рӯз сард мегашт. Екатерина фаҳмид, ки дигар ба писараш ҳукмаш намегузарад. Аз ин рӯ тадбир ҷуст ва баъди як ҳафта Карл ба бистари беморӣ афтоду бимурд. Заҳр кори худро кард.

Тахту тоҷ ба писари сеюми Екатерина Ҳенрихи Анжуй насиб гашт. Муносибати фарзанду модар мӯътадил набуд. Ҳенрихи III ба гапи шоҳбону надаромад, бо шоҳдухтари англис ақди никоҳ набаста, аз авлоди Гизҳо ба Луизаи Лотарингӣ хонадор шуд. Вале аз онҳо фарзанде ба дунё наомад. Дар ин байн писари хурдии Екатерина аз сулолаи Валуа – Франсиск, ҳерсоги Алансонск ва Брабантск, аз ҷаҳон чашм пӯшид. Ин зарбаи мудҳиш ба кампири ҳукуматдӯст буд, ки баҳри ҳукумронӣ аз ягон роҳ қафо намегашт. Аҷаб дунё. Екатерина даҳ фарзанд ба гетӣ овард, аммо идомаи сулолаи Валуаҳо бо фарзандони ӯ ба поён расид. Вақте ки шаҳди марг чашид, Ҳенрихи III ҳатто модарро ба таври бояду шояд гӯру чӯб накард. Ҷасади Екатеринаро ба гӯри умумии бенавоёну оворагардон партофтанд. Худи шоҳ низ баъди чанд моҳ аз дунёи рӯшан чашм пӯшид.

пешина
аз 424
навбатӣ