100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Екатерина ба дарбор санъаткорони мумтоз, олимону донишмандонро гирд овард. Ба астрология завқи беандоза дошт. Аз ин рӯ Нострадамусро ба дарбор хонд, ки вай марги ногаҳонии шоҳро чунин пешгӯй кард:
Шербача ба пир ғолиб меояд. Дар муҳорибаи аҷоиби тан ба тан, дар майдони набард. Вай ба воситаи қафаси тиллой ба чашми ғариф тир мезанад. Аз як ду мешавад, баъд мемирад. Марги пуразоб.
Ҳалокати Ҳенрих, дар воқеъ, бемаънӣ буд. Дар қувваозмой бо граф Монтгомерӣ ритсари ҷавон бо як ситеза ба сари Ҳенрих зарбаи сахт мезанад. Шоҳ бо найза худро муҳофизат мекард. Чӯбдасти найза ба зарбаи мудҳиш тоб наоварда, майда-майда мешавад ва яке аз чӯбҷаҳои он аз роғи тоскулоҳ гузашта ба чашми рости шоҳ мехалад. Дар рӯзи дахуми ҳодиса, пас аз азоби алим Ҳенрих ҷон ба ҷаббор супурд. Баъди ин ҳодисаи фоҷиабори тасодуфӣ Екатерина ба сари қудрат омад. Албатта, расман писари ӯ Франсиски II-и шонздаҳсола шоҳ эълон гардид, вале ҳукумат ба зери панҷаи модар буд. Аммо ба ӯ кор душворӣ мекард. Зеро ба шарофати Диана ҳамаи мансабҳои калидӣ, яъне муҳим ба дасти сулолаи Гизҳо буд. Ҳамроҳи Франсуа Вандом бар зидди Гизҳо муборизаро оғоз бахшид. Вале шикаст хӯрд. Франсуаро аввал дар Бастилия ҳабс кард, баъд ба он дунё фиристод. Барои Екатерина дӯсти ғолиб зарур буд, мағлуб бояд мерафт. Шоҳбону баҳри ҳукумат ба ҳар гуна қурбонӣ омода мегашт. Екатерина католик буд, аммо барои суст намудани мавқеи Гизҳо протестантҳоро пинҳонӣ ҷонибдорӣ мекард, онҳоро бо ҳам ҷанг меандохт ва мавқеашро устувор менамуд.
Дар ин байн Франсиски II мурд, ба ҷойи ӯ ба тахт Карли IX-и даҳсола нишаст. Вай ба писараш талқин намуд, ки ба порлумон мактуб нависад, то ки идораи мамлакат ба дасти модараш бигзарад. Ҳамин тавр ҳокими мутлақи Франция шуд.
Номи Екатерина Медичӣ бо воқеаи мудҳиши хунин – қатли оми гугенотҳо, ки бо номи шаби Варфоломей вориди таърих

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор