Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

сол доштанд. Ҳанӯз садои мусиқии ҷашн хотима наёфта, навдомод ба доми ишқи Диана, духтархолаи завҷааш, афтод. Диана де Пуате аз ӯ бист сол калон буд. Ва бист соле, ки Ҳенрих ҳукм ронд, дар дарбори шоҳи Франция Диана маъшуқаи ивазнашаванда ба ҳисоб мерафт ва бист сол Екатерина маҷбур буд, ки хомӯшона нағмаҳои хешашро таҳаммул намояд. Даҳ соли зиндагӣ бефарзанд гузашт. Ривояте ҳаст, ки гӯё шоҳ беморие доштааст. Баъд аз ҷарроҳии шавҳараш Екатерина паси ҳам даҳ писару духтар ба дунё овард. Баъзеҳо ба «табобати ҳайратангез»-и шоҳ бовар накарда, дар ин амал фиреби оддии занонаро мебинанд. Аммо кӣ ҳақ аст, мо инро дигар исбот карда наметавонем.

Ба диди нахуст ин маъсума ба ҳаёти дарбор умуман дахл намекард. Вале дар сари занаки нағзакак нақшаҳои басо худхоҳона пухта мерасиданд. Вай медонист, ки шавҳараш Ҳенрихи аз шӯҳратпарастӣ фарсахҳо дур, ба тахту тоҷ дилгармие надорад ва барояш дар ин дунё ишқи Диана басанда аст. Писари калонӣ Франсиск вориси шоҳ буд, саломатиаш ҳам барои подшоҳии дурудароз гувоҳӣ медод.

Солноманигорони дарбори франсузҳо дар хусуси гунаҳгорони аслии воқеаҳо, албатта, лаб фурӯ бастаанд, аммо далелҳо чунинанд: дар рӯзи гарми моҳи август шоҳзода Франсиск як истакон оби яхдорро нӯшиду ҳамон замон мурд. Заҳролудшавиро касе инкор накард, аммо қотил низ ёфт нашуд. Маълум аст, ки марги Франсиск пеш аз ҳама ба кӣ манфиат меовард, албатта, ба сулораи Медичиҳо. Онҳо бошанд аҳамияту зарурати заҳрро дар ҳалли моҷароҳо ба хубӣ медонистанд. Лекин рафтори Екатерина дар дарбор як зарра ҳам шубҳаи касеро ба бор намеовард.

Вақте ки ба сари Ҳенрих тоҷи шоҳӣ гузоштанд, Екатерина қариб 40 сол дошт. Вай зани ботаҷриба буду сарриштаи ҳамаи моҷароҳои дарборро дар даст нигоҳ медошт, аммо инро касе пай намебурд.

пешина
аз 424
навбатӣ