100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
ЕКАТЕРИНА
МЕДИЧИ
(1519-1589)
Маликаи Франция аз соли 1547, завҷаи Ҳенрихи II. Дар замони ҳукмронии писараш Франсиски II (1559-1560), Карли IX (1560-1574), Ҳенрихи III (1574-1589) ба сиёсати давлатӣ таъсири ҷиддӣ гузоштааст. Вай яке аз созмондиҳандагони шаби ҷазодиҳии Варфоломей ба ҳисоб меравад.
Дар хусуси таърихи оилаи Медичӣ ҷилд-ҷилд асарҳо офарида шуданд, аммо симои аз ҳама шинохтаи ин сулола духтари ҳерсоги Урбино Лоренси II Екатерина будааст, зеро ба тақозои тақдир ба зинаи баландтарини мансаб расидааст. Дасти кам сӣ сол лаҷоми ҳукумати кишвари бонуфузтарини асри XVI Аврупо Францияро дар даст дошт. Вале ҳаёти шахсии занонааш басо тира ва дилрешкунанда будааст.
Аз рӯзи мавлуд бахт ба рӯи Екатерина нахандид, вай сағира монд. Сулолаи Медичиҳо ӯро ба сифати гарав дар муборизаҳо баҳри ҳокимият дар Флоренсия истифода бурд. Дар нӯҳсолагӣ ба дайр афтод, ҷумҳурихоҳони муҳосирашудаи шаҳр пешниҳод карданд, ки духтаракро ба болои қалъа бароварда, рӯ ба рӯи оташи тӯбҳои хешовандонаш гузоранд. Хушбахтона, ба ин ҳодиса папа мудохила намуд ва ӯро ба тарбияи худ гирифт.
Папаи Рим Клименти VII духтаракро ба манфиати хеш истифода бурданӣ шуд.
Дар соли 1533 ҷашни арӯсии Екатерина бо Ҳенрихи Орлеанӣ, писари шоҳи Франция, баргузор гашт. Ҷавонон ҳамагӣ 14

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор