100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
моҳи ҷашни арӯсӣ Элеонора писаре ба дунё овард ва ба шарафи бобояш Вилгелм ном ниҳод. Ин воқеа ба рӯзи вафоти шоҳи Англия рост омад ва 19 декабри соли 1154 Элеонора унвони олитарин — маликаи Англияро соҳиб шуд.
Шоҳ Ҳенрих вақти зиёдашро ба таҳияи қонунҳои нав мебахшид ва Ҳенрихи Қонунгузор лақаб гирифт. Ӯ бисёр вақт дар сафар буд, шӯриши феодалҳои гарданкашро пахш мекард. Элеонора ба тарбияи ҳашт нафар фарзанд машғул буд. Шоҳ ва малика бо гузашти сол ба ҳам дилсард гаштанд.
Элеонора писари сеюмаш Ричардро беҳад дӯст медошт ва ба ӯ ҳукмронии Аквитанияро бахшид. Шоҳ маъшуқа ёфт, вале Розамунда Клиффорд ногаҳон фавтид. Шоҳ гумон бурд, ки аз дасти занаш маъшуқааш заҳролуд шудааст. Завҷаашро дар дайр зиндонӣ кард. Элеонора инро бахшида натавонист ва ҳамаи фарзандонро бар зидди падар шӯронд.
Ричард, Ҳенрих ва Ҷеффрӣ бар зидди падар бо шоҳ Людовик муттаҳид шуданд. Ҳенрихи Плантагенет то охири умр бо фарзандони ноаҳл ҷангид ва соли 1189 мурд. Ба тахт Ричард нишаст, зеро акааш Ҳенрих низ фавтида буд. Шоҳи нав нотарс, шуҷоъ буд ва бар зидди туркҳо диловарона ҷангид, лақаби Ричарди Шердилро соҳиб гашт. Аммо ӯ ба императори Австрия асир афтод ва ӯ фидияи зиёд талаб кард. Модар маблағи заруриро ҷамъ намуд ва ба император фиристонд. Баъди панҷ сол, соли 1199 Ричард дар Нормандия кушта шуд.
Шоҳи расмии Англия Иоанн эълон гардид. Вай одами ноқисақл, бераҳме буд, малика ӯро дӯст намедошт. Ӯ низ ба модар бо чашми шафқат нигоҳ намекард. Новобаста ба пирӣ ва аз даст додани ашхоси ба дил наздик малика аз ҳаёт тамоман дилсард набуд. Ҳарчанд аз шаст гузашта буд, дар васфаш шеър мегуфтанд, сурудҳо мехонданд, дар сиёсати байни давлатҳо низ таъсираш назаррас буд. Ва ҳамин таъсири ӯ ба сиёсати ҷаҳонӣ то маргаш ҳис мешуд.
Эленораи Аквитанӣ дар синни 82, ки он вақт синну соли ҳайратовар ҳисоб меёфт, дунёи рӯшанро падруд гуфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор