Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Баъди ба Париж омадан, Элеонора ба ҳайрат афтод, ки дар ин ҷо ҳаёт ин қадар ҳузновар аст. Шоҳ Людовики VII бисёр диндор буд ва вақти зиёдашро ба тоату ибодат сарф мекард.

Ва соли 1147 тақдир барои шоҳбону саргузашти аҷоибу ғароиб пеш овард. Людовики VII ба машваратчиёнаш гӯш андохту бар зидди Фаластин юриши ҳарбӣ орост. Элеонора аз шавҳараш хоҳиш намуд, ки ӯро бо худ гирад. Ритсарҳои Аквитания низ аз ин хурсанд буданд.

Вале Элеонора баъдтар фаҳмид, ки юриши ҳарбӣ барои ҷисми нозуки ӯ харобиовар аст. Вай шабҳо дар зери борон дарақ-дарақ меларзид, ғизо низ ба мисли хӯроки дарбор лазиз набуд. Шавҳарашро ҳам дар чанд ҳафта як бор медид. Вақте ки ба Антиоха расиданд, шоҳбону ба хонаи тагояш Раймунд Тулузский фуромад. Баъди сафари тоқатшикан Элеонора меҳрубониҳои тагояшро бо қаноатмандӣ пазируфт. Аз ин Людовик рашк карду фармон дод, ки зуд сафарро ба сӯи Байтулмуқаддас идома бахшанд. Мушовирон мехостанд шоҳро аз раъяш гардонанд. Аммо ӯ истодагарӣ карду шоҳбонуро ба зӯрӣ ба фойтун шинонд.

Бо як ҳуҷум шаҳрро гирифта натавонистанд, бар замми ин дили Элеонора аз шавҳараш хунук шуд. Шоҳбону ба Париж баргашт. Баъди чанде духтарчаи дуюмашро ба дунё овард. Таваллуди духтари дуюм занҷири байни зану шавҳарро гусаст. Онҳо умед доштанд, ки тифли навбатӣ писар мешаваду вориси тахту тоҷ мегардад. Ҳамин тавр Элеонора ба калисо муроҷиат кард ва соли 1152 расман аз шавҳар ҷудо шуд.

Ба Аквитанияи азиз баргашта зиндагии хушу боҳаловат-ро оғоз намуд. Дар дарбораш шоирон, нависандаҳо, рассомон, муғанниён ҷамъ меомаданд. Ва дар ҳамин маҳфилҳо ба Ҳенрихи Плантагенет дил бохт. Аммо синни Ҳенрих нисбат ба ӯ хеле ҷавон буд, вай ҳамагӣ 19 сол дошт. Вале ҷавони ошиқ ба зери пойӣ дилоромаш тоҷу тахти Англияро нисор намуд. Дар воқеъ ӯ ягона вориси шоҳи Англия Стефан буд. Баъди шаш

пешина
аз 424
навбатӣ