Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ҳукумати вақт ба ҷаҳониён воқеаро тарзе пешниҳод мекард, ки гӯё сафари коинот барои одамони шӯравӣ як сайругашти муқаррарист. Вале нахустин киштиҳои кайҳонии «Шарқ» барои Гагарин, Титов, Попович зарфи консервро ба ёд меоварданд. Онҳо на танҳо имкони аз ҷой бархостан, балки ҳатто даст ҷунбондан надоштанд. Акнун сафари сешабонарӯзии ҷинси латифро дар чунин шароит ба худ тасаввур намоед. Мегӯянд, ки Гагарин баъди ба замин фуромадан рӯзу моҳ ва номи конструктор Королёвро ба ёд оварда натавонистааст. Ба ақидаи доктори илмҳои тиб, мутахассиси адаптатсияи кайҳоннавардон баъди бозгашт аз кайҳон Виталий Волович, организми зан ба шароити парвоз мутобиқ нест. Таҷриба дар он замон бармаҳал будааст. Калсий дар бадани марди кайҳоннавард дар 10-12 рӯз барқарор мегардад, вале Терешкова натавонист то як моҳ ба по истад.

Хушбахтона, ҷавонӣ ҳамаро паси сар гузошт. Никита Сергеевич Хрушёв сарварии базми арӯсии ӯро бо Андриян Николаев — кайҳоннаварди рақами 3 ба даст гирифт. Соли 1964 Алёна ба дунё омад. Вақте ки соли 1970 Андриян Николаев бори дуюм ба кайҳон парид, Алёнаи шашсола ҳангоми робитаи радиоӣ ба оҳанги маломатомез гуфт: «Дадаҷон, чаро маро ҳамроҳат набурдӣ, охир киштиат ин қадар калон-ку?» Имрӯз духтари Терешкова оиладор аст, Валентина Владимировна бибӣ мебошад. Магар ин бахт барои ҳар як зан нест?

Дуруст аст, ки оилаи кайҳоннавардон ба мисли пӯлод, ки аз он киштиҳои кайҳонӣ месозанд, пойдор набаромад.

Юрий Шапошников, шавҳари дуюми Валентина, генерали хизмати тиббӣ буда, директории Маркази илмию тадқиқотии институти травматология ва ортопедиро ба зимма дорад. Онҳо дар шаҳраки Звёздний умр ба сар мебаранд. Дар хонаи чорҳуҷрагии ошёнаи ҳафтуми бинои кайҳоннавардон. Ҳар субҳ ба Маскав, ба ҷойи кораш мешитобад. Ва ҳоло ҳам сокинони Звёздний ба бонуи хушандом, зебо, шамшодваш, ки дақиқае ба худ заифӣ роҳ намедиҳаду орому устувор гом мениҳад, бо шавқу ҳавас чашми меҳр медӯзанд.

пешина
аз 424
навбатӣ