100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
шуд. Шояд коргар гаштанаш дар ҳаёти минбаъдааш нақши муҳим бозид.
Вақтҳои холӣ ва рӯзҳои истироҳатро дар аэроклуб сипарӣ мекард, бо парашют париданро дӯст медошт. Ҳангоми қабул ба сафи кайҳоннавардон ин намуди варзиш низ саҳм гузошт.
Рақибони толеи Терешкова чор нафар буданд: Валентина Пономарёва, Ирина Соловёва, Татяна Кузнецова ва Жанна Еркина. Ҳама ҷавону зебову солим. Баъди хатми курси махсу-си таълим онҳо се нафар монданд: Терешкова, Соловёва, По-номарёва. Якумин шудан дар сарнавишти кадоме аз онҳо бо-шад? Бахт ба рӯи кӣ механдад? Тақдирро тақдирҷунбон зарур аст, мегӯянд. Ин дафъа худи сардори ҳукумат Никита Сергее-вич Хрущёв хушбахтро баргузид: Валентина Терешкова. Рови-ёни ахбор овардаанд, ки аз синфи коргар буданаш ақрабаки интихобро ба ҷонибаш гардонд. Валентина Пономарёва рисо-лай номзадӣ дифоъ намуд, полковник буда, дар Пажӯҳишгоҳи таърихи илмҳои дақиқ ва техникӣ кор мекунад. Ирина Соловё-ва низ номзади илм аст. Вай ходими калони илмии маркази санҷиши омодагии кайҳоннавардон мебошад. Ва ба ҳар ҳол ягона баргузида аз байни бонувон ӯ — «Чайка» дар таърихи ба-шар мемонад. Бо ҳамин бонги нидои «Чайка», «Чайка» Тереш-коваро дунё шунид ва шинохт. Ин воқеа 16 июни соли 1963 ба вуқӯъ пайваст. То Терешкова танҳо нӯҳ нафар мард ба сафари кайҳон баромада, атрофи сайёраи заминро чарх зада буд. Зан-кайҳоннавард қариб се шабонарӯз дар само парвоз кард ва дар ин муддат ҳамаи рӯзномаҳо, радиою телевизиони дунё дар борааш иттилоъ пахш намуданд. «Бонуи коинот» ном бурда буд Терешковаро рӯзномаи англисии «Дейли экспресс».
Нусрати Валентина ба тамоми қоидаҳо ташкил гардид: истиқболи бошукӯҳ дар фурудгоҳ, қадамзанӣ дар пайроҳаи қолинпӯш, мукофотҳо, қабулҳои расмӣ, мусоҳибаҳо ва, албатта, лавозимоти бароҳати маишӣ. Терешкова дар байни занони Русия ягона генерал аст. Вале дар паси ҷашнҳо ҳаёти ҳақиқии пур аз изтироб вуҷуд дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор