100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
1994 роҳбари Маркази ҳамкории байналмилалии илмӣ ва фарҳангии Русия.
Шояд, дар бораи ӯ боз бисёрҳо гӯянду нависанд, ҳарчанд Валентина Владимировна барои душвор намудани фаъолияти эҷодии солноманависони оянда ҳамаи кори аздастмеомадаро сомон мебахшад. Вай бо ҷиддият ҳаёти шахсиашро ниҳон медорад, аз вохӯрӣ бо журналистон канора меҷӯяд, ёддоштҳо наменависад, ба баромадҳои фошкунанда рӯ намеорад. Ӯ аз чунин «худнамоиҳо» ҳазар мекунад. Эҳтимол, ба хислати боҳаёии вай тарбияи «халқӣ», ки хоксорӣ, фурӯтанӣ, одоби ҳамидаро мепарварад, асар гузоштааст.
Ба одам аз кори кардааш баҳо медиҳанд, тарғибу ташвиқ зарурат надоранд, вале ин панди мардумӣ имрӯз дар олами сармоядорон боиси хандаву истеҳзост. Аммо Валентина Владимировна алҳол дар ақидааш устувор аст. Мумкин, ки иродааш фӯлодин аст. Бале, нисбат ба дигар ситораҳои якшаба дар хусуси нигоҳ доштани шаъну шӯҳрати ӯ дар фазои нилгун ҳоҷат ба ташвиш нест. Зеро ҳунарварон, адибон, рассомон, ҳатто арбобони сиёсат аз байни занон хеле зиёданду нахустбонуи кайҳоннавард то абад ягона хоҳад буд.
Гуфтан душвор аст, ки дар кадом комёбиаш ба вай омади кор мадад расондасту дар дигар пешравиҳояш саҳми шахсиаш нақш бозидааст. Мо таҳлили диалектикӣ мекунем: ҳам ин буд ва ҳам он. Масалан, таваллуд ёфтан дар деҳаи дурдасти Масленниковои вилояти Ярославск, айёми нимгуруснагии тифлӣ, дар кӯдакӣ бепадар мондан, албатта, омади бахт набуданд. Падараш Владимир Терешков дар ҷанги зидди финҳо шаҳид шуда буд. Ана ҳамин далел имкон дод, ки Валентина ҳангоми интихоб ба дастаи кайҳоннавардон шомил гардад. Аз ин рӯ дар ин дунёи бӯқаламун муайян намудани «чӣ хубу чӣ бад» осон нест.
Валентина низ ба мисли ҳазорон нафар дар ҷавонӣ деҳаи
бенавою валангоргаштаро тарк карда, ба шаҳр рафту бофанда

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор