100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
рафт, ки ба тамошобинон чӣ пешниҳод намояд, ки беҳтар аз ҳама бошад.
«Дар ботини ман симои Кармен ҳамеша вуҷуд дошт, гоҳ рӯй мезад, гоҳ ба муддате пинҳон мегашт, ба касе, ки аз орзуҳоям сухан нагӯям, чеҳраи Кармен аввал ба назар меомад», — баъдтар ба ёд овардааст Плисетская. Майя Михайловна барои ҷомаи амал пӯшонидани орзуяш ба Шостакович муроҷиат кард, аммо Дмитрий Дмитриевич мураккабии мусиқии Бизеро сабаб оварда, пешниҳодро напазируфт. Он гоҳ Родион Щедрин ба кор дасту остин бар зад. Ӯ мусиқии оҳангсози фаронсавиро нигоҳ дошта, ба тафсири нави хореографӣ мутобиқ намуд. Ҳамин тавр «Кармен-сюита» тавлид ёфт ва онро Алберто Алонсои кубагӣ ба саҳна гузошт.
Соли 1971 балети «Анна Каренина» аз рӯи романи Л. Толстой падид омад, ки мусиқии он низ ба Щедрин мутааллиқ буд. Баъд балетҳои «Чайка»-ю «Хонум бо сагча» аз рӯи асарҳои А. Чехов пешкаши ҳазорҳо нафар мухлисон шуданд. Шояд ҳамин заҳматҳописандии Плисетская бошад, ки ӯ ҳамешаҷавон ба назар мерасад.
Валентина Терешкова
(Зодсолаш 1937)
Нахустин бонуи кайҳоннавард дар арсаи олам (1963), номзади илмҳои техникӣ, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, раиси кумитаи занони шӯравӣ (1968-1987), раиси Иттиҳоди ҷамъиятҳои дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ (1987-1992). Аз соли

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор