100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Балет бошад зиндагии зебою рангин, дур аз ҳақиқати ҳаёт ва азобу машаққатро идома мебахшид. Майя аз балети «Нозанини хуфта» нақши париро мебозид, дар намоишномаи «Маликаи барфин» низ мерақсид. 21 июни соли 1941 Майя Плисетская дар консерти хатми омӯзишгоҳ баромад карда, ба кафкӯбии зиёди тамошобинон сазовор гашт. Модараш, ки чанд рӯз пештар аз бадарға баргашта буд, дар як кунҷи толор ашк мерехт. Баҳори соли 1943 Майяро ба гурӯҳи асосии Театри калон қабул карданд. Ба ғайр аз ин ӯ дар консертҳои клубҳои зиёди Маскав аз намоишномаҳои «Қуи миранда», «Мелодия»-и Глюк, «Элегия»-и Рахманинов рақсҳои алоҳидаро иҷро менамуд.
Нақши асосиро дар ҳаёти Плисетская балети «Кӯли қувон» бозид. Дар саҳнаи бисёр театрҳои дунё Майя бо «Кӯли қувон» буд, зиёда аз ҳаштсад маротиба... Си сол, аз соли 1947 то 1977.
Шӯҳрати ҷаҳонӣ дар он солҳое насиби Плисетская шуд, ки ӯ ҳанӯз ба ақидаи Кумитаи давлатии бехатарии (КДБ) шӯравӣ шахси ба хориҷа сафар карданаш нолоиқ буд. Панҷ сол Майя Михайловнаро аз рӯйхати санъаткорони ба хориҷа раванда хат заданд. Панҷ сол ӯ дари ҳуҷраҳои ҳизбиро кӯфт, то ки бегуноҳии волидайнашро собит созад, аммо ҳамааш бефоида буд. Ҳатто Арагон, шоири маъруфи фаронсавӣ, ҳангоми дидори навбатӣ аз СССР таъкид кард, ки бо Хрушёв дар хусуси тақдири Плисетская ҳарф мезанад. Танҳо соли 1959, вақте ки ба сарварии КДБ ба ҷои Серов дигар шахс таъин гашт, Майя Плисетскаяро ба сафари ҳунарии ҳафтодрӯза ба ИМА рухсат доданд. Ҳамин тавр шӯҳрати раққосаи балети рус ҷаҳонро гирифт.
Плисетская бо шавҳараш Родион Щедрин дар хонаи Лиля Брик соли 1955 шинос шуда буд. Ин вохӯрии яклаҳзагӣ баъди се сол ба муҳаббати ҳақиқӣ табдил ёфт.
Ба номи Щедрин вобастаанд бисёре аз балетҳои Плисетская. Вақте ки барномаи кӯҳнааш: «Нозанини хуфта», «Дон Кихот», «Кӯли қувон» ба дилаш зад, Майя Михайловна ба андеша

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор