100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
рухсатӣ гирифту духтарашро ба Маскав овард ва дар назди ҳунарпешаи театри калон Евгения Ивановна Долинская ба шогирдӣ монд. Вале омӯзиши ӯ дер напоид. Падару модар ҳангоми бозгашт ба Шпицберген Майяро бо худ гирифтанд.
Зимистони нави қутбӣ ба оҳистагӣ сипарӣ мешуд. Майяро бори ғаму андӯҳ пахш мекард, ҳамеша ба ёди сабақи аввалин ашк мерехт. Ва ҳамин ки баҳор омад, падар бо оғози яхкӯчӣ ҷигарбандашро ба Маскав гуселонид. Майя аз гурӯҳаш қафо монда буд, аз ин рӯ шомили гурӯҳи Елизавета Павловна Гердт — инсони номдор, нармдил, бекина, ботамкин гардид. «Вале табиат ба Гердт қобилияти таҳлили нозукиҳои санъат, дурандешӣ, нозукхаёлии касбиятро арзонӣ надошт. Вай медид, ки ин кор қобили қабул ва ин ҳаракат шоистаи истифода нест, вале барои чӣ ҳамин тавр аст, шарҳу эзоҳ дода наметавонист», — навиштааст нисбат ба устодаш Плисетская. Аз ин рӯ дар тӯли ҳамаи солҳои раққосиаш Майя аз нагирифтани маълумоти пурраи рақси классикии балет азоб мекашид, навгониҳоро худ меҷӯст, хато мекард ва оқибат ба шарофати заҳмати сангин ба мақсад мерасид.
Таҳсил дар омӯзишгоҳи хореографӣ аз рӯи нақша ҷараён дошт. Ва ҳол он ки соли сиюҳафтум ҳам дар мекуфт. Фоҷиа 30 апрел ба хонаи онҳо роҳ ёфт. Духтарак бо шодию фараҳ ба ҷашни 1 май, ки ба оғозаш чанд соат монда буд, омодагӣ мегирифт.
Бадбахтӣ субҳидам омад, бо қадамҳои вазнини оҳанин ва садои гӯшхароши занги дар. Баъд навбатпойҳо дар маҳбасхона, зиндонӣ гаштани модар, паронда шудани падар, хонаи мӯҳрзада. Дигар ҷои зист ҳам набуд. Холаш Суламиф, ҳунарпешаи балет, Майяро ба тарбияаш гирифт, аммо муносибаташ бо хоҳарзодааш басо дурушт буд. Оилаи Плисетскийҳо пароканда шуд. Бачагии Майя поён ёфт. Модарашро ба Чимкент бадарға карданд. Бародараш Александр бо тағояш Асаф мезист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор