Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Лейтенант ба Шулженко варақи дафтари мактабиро дароз кард. Дар воқеъ оҳанги «Сарбанди нилобӣ» («Синий платочек») бисёр маъруф буд. Муаллифаш бастакори лаҳистонӣ Иржи Петербургский ба ҳисоб мерафт. Ҳасрати рӯзҳои осоиштаи пешазҷангии дар оҳанг таҷАССУМЁФТА бо суханони ҷиддии лейтенант Максимов тавъамгашта дар иҷрои Клавдия Шулженко ба суруди табъи дили ҷанговарон мубаддал гардид. Шояд ба сурудҳо хеле кам муяссар мешавад, ки умри дароз бинанд. Акнун ягон консерти Шулженко бе суруди «Сарбанди нилобӣ» поён намеёфт. «Сарбанди нилобӣ» дар худ истеъдоди лирикии Клавдия Ивановна, хислати оташмизоҷӣ, чолокӣ, зиндадилӣ ва боварӣ ба нерӯи неки инсон доштаи ӯро ба ҳам муттаҳид мекард. Мегӯянд, ки бад аст, агар ҳунармандро танҳо ба як нақши нағз бозидааш бишносанд, вале ба ҳар ҳол он қадар бад нест, вақте ки сарояндаро ба як суруди беҳтарини беҳтаринҳо алоқаманд медонанд. Шулженко ҷовидон ҳамчун шахсе дар таърих мемонад, ки «Сарбанди нилобӣ»-ро ғолибона даст афшонда ва бо овози канда-канда, ба мисли садои автомат сурудааст:
«Тир бизан, пулемётчӣ, ба хотири сарбанди нилобӣ, Ки буд афтода ба китфи дилбар!»
Онҳо барои ҳамдигар зарур буданд, ҷанговарони бо чеҳраи чанголудаи офтобхӯрда ва бонуи пироҳани саҳнавӣ ба бар, ки ба назар аз дунёи дигар менамуд. Сарбозон дар симои сароянда зиндагии пурсаодат, аҷоиботи биҳиштро медиданд ва омода буданд, ки танҳо барои ба ин ҷисми латиф ангушт расонидан аз баҳри ҷон ҳам бигзаранд. Вай барои аскарон беҳисоб суруд мехонд.

Дар зиндагии шахсӣ низ бахташ хандид. Вай аз Одесса
омад, ғолиби дили ӯ, Владимир Кораллӣ, шахси хушҳол, хандон, барандаи беҳамто, донандаи латифаҳои зиёд. Насабаш
ҳам мӯъҷиза буд, аз вай ба машом бӯи баҳр, марворидҳои зери
об меомад. Онҳо 25 сол бо ҳам зистанд, писарашон низ ба

пешина
аз 424
навбатӣ