Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Баъдтар аён гардид, ки меҳри Шулженко нисбат ба нақшофарӣ ба сурудан бештар будааст. Ӯ дар консертҳо фаъолона иштирок мекард, бо бастакорон, шоирон ҳамкории густурда дошт. Шоирон махсус барояш шеър мегуфтанд, оҳангсозон мусиқӣ меофариданд.

Карйераи сарояндагӣ барои Шулженко дар Ленинград оғоз ёфт. Ба бахти ӯ дар он замон консертҳо дар кинотеатрҳо пеш аз намоиши филмҳо ташкил мешуданд. Ва чунин баромадҳои кӯтоҳ рӯзе дар 3-4 ҷой баргузор мегаштанд ва барои сароянда мактаби маҳорат ба ҳисоб мерафтанд. Аллакай бисёр ҳаводорони Шулженко ӯро аз толоре ба толори дигар ҳамроҳӣ мекарданд.

Соли 1929 дар озмуни сарояндагони эстрада ҷои аввал насибаш шуд. Ва яке аз паи дигар пластинкаҳои сурудҳояш баромадан гирифтанд. Ҳазор-ҳазор ба фурӯш мерафтанд пластинкаҳои сурудҳои ӯ. Хонае набуд, ки садои Клавдия Ивановна шунида нашавад. «Булбули шӯравӣ» мегуфтанд ӯро.

Аз рӯзи оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ Шулженко ҳамроҳи ҷанговарон буд, вай дар роҳҳои танку мошингузар, беморхонаҳо, хандақҳо, сеху фурудгоҳҳо, дар зери чангу хок, барфу борон суруд мехонд, мардумро ба ғалаба рӯҳбаланд мекард. Хобу истироҳатро ба боди фаромӯшӣ супурда буд. Кас аз ҷасорати вай ба ҳайрат меомад. Охир зери тири душман, дар ҳавои сарди зимистон суруд хондан магар қаҳрамонӣ нест? Дар солҳои ҷанг Шулженко дар қисмҳои ҳарбӣ, дар шароити вазнини ғайриинсонӣ зиёда аз 500 консерт созмон дод.

Боре баъди хотимаи консерт ба назди Клавдия Ивановна лейтенанти хушқаду қомате омада: «Михаил Максимов», - гуфта худро муаррифӣ намуд ва баъд илова кард: «Барои шумо суруде навиштам. Аввал хеле кӯшидам, натиҷае набахшид. Сипас, оҳанги маъмули «Сарбанди нилобӣ»-ро, ки пеш аз ҷанг шунида будам, интихоб намудам, дар ҳавои он ҳамин суруд бо шеъри нав эҷод гашт».

пешина
аз 424
навбатӣ