Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Инчунин айёми шумобаш ҳам ба чорчӯбаи ривоятҳо намегунҷид. Аз ин рӯ онҳоро низ аз саҳифаҳои ҳолнома бояд хат зад. Ҳаводоронаш ҳатто ба гӯшаи хотир ҳам намеоварданд, ки Орловаро дар соли 1917 холааш ба хона роҳ дод. Онҳо дар Воскресенск мезистанд ва ситораи ояндаи симои ҳунар ба Маскав барои фурӯш шир мебурд, дар зимистони қаҳратун дастонаш ба зарфҳои шир мечаспиданд, ҳангоми бозгашт аз тарси дуздҳо дарақ-дарақ меларзид. Баъд таҳсил дар консерватория, ороишгари лентаҳои кино, издивоҷи аввал, ки зиндагӣ маҷбур кард, баъд издивоҷи дуюм, ки низ бо нокомӣ анҷом пазируфт.

Назокатҳои ҳунарпешаи театрро дар студияи хореографии Франчески Беатӣ омӯхтааст, аммо номи онро низ ҳеҷ гоҳ ба забон намеовард. Шояд барои маъруф набуданаш. Аммо ҳамин даргоҳ ба Орлова рафтори хиромона, рақси нафис, ҳаракатҳои мулоиму ёзандаро омӯзонд. Вай аз ҳамон вақт ҳеҷ гоҳ машқи баданро қатъ накард ва ҳамеша миёнбанди борики чармин – меъёри андозаи миёнро бо худ дошт, то ки дар сӣ, сивупанҷ ва ҳафтодсолагӣ ҳам чун овони бистсолагӣ миёнаш аз 43 сантиметр зиёд набушад.

Вохӯрии тақдирсози Орлова бо коргардони «худӣ» тирамоҳи соли 1933 ба вуқӯъ пайваст. Любов Петровна аллакай дар ду филм нақшҳои хурд офарида буд, суратҳояш дар рӯзномаву маҷаллаҳо низ чоп шуданд. Аммо мисли ӯ довталабони нақшҳои асосӣ лак-лак вомехӯрданд. Ҳатто як коргардон акси Орловаро дида, ба холи бари бинии ӯ бо ангушт ишора намуда, қотеъона ҳукм баровард: «Дар экран ба сони автобус метобад».

Пеш аз концерт дар «синематограф»-и «Арс», ки Любов Петровна ҳам баромад дошт, воқеаи ғайриодие рӯй дод. Дар рӯи пероҳани Орлова гурбае зоидааст. Ҳунарпеша фиғон бароварду ашк рехт, вале як шиносаш аз ин ҳодиса фоли нек бароварда ӯро тасалло дода гуфт: «Ба шумо кор омад кард, бахти бузург насибатон мешавад». Дар воқеъ ҳангоми танаффӯс ба паси парда ҷавонмарди қоматбаланди костюми хориҷӣ

пешина
аз 424
навбатӣ