Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

пуртабассум, дастрас, вале ӯ ҳеҷ гоҳ ба остонаи ҳаёти ҳақиқиаш касеро роҳ намедиҳад, аз андешаҳои ботиниаш пардаи асрор бардошта намешавад. Ҳангоми бо мардум будан маъюсӣ зоҳир намесозад, вай ҳамеша дар ниқоби эътимод ба худ аст — ҳама корҳоям панҷ! Як зарра ҳам самимият нест, ҳамаи ҳиссиёт санҷидаву ҳисобу китоб шуда, ҳамаи сару либос интихоб гашта, ба назди тамошобин баромадан низ борҳо машқ дидааст. Оре, ин аст фоҷиаи одити ситораи санъат... Ба хеш тобеъ нестӣ, балки мутеи тасаввурот дар бораи худ ҳастӣ. Дар ин ҷо режими сталинӣ гуноҳе надорад, аз азал чунин буд ва дар ҳама давраҳои минбаъда низ ҳамин гуна мемонад.

Нахуст айёми наврасӣ ва ҷавонии қаҳрамони мо қурбони ривоятҳо дар бораи ситораи пурҷило шуд. Магар ҳамин ҳам гап шуд, ки дилбохтагони ҳунари ӯ ибтидои роҳи зиндагии Санами худро намедонистанд. «Роҳи эҷодиамро дар театри Владимир Иванович Немирович-Данченко оғоз бахшидам ва баъд, хушбахтона, бо коргардони бузург вохӯрдам», — ҳамин тавр оғоз меёфт ҳар як мулоқоташ бо тамошобинон.

Орлова айёрӣ мекард. Дар мулки шахсиаш, дар Внуково, се чизи гаронбаҳои оилавиро маҳфуз медошт: китобчаи хурди нашриёти «Посредник» — «Асири Кавказ»-и Толстойро бо соядасти муаллиф; варақи дафтареро бо сурати Шаляпин ва сурати ӯро бо чунин суханон, ки ба хонандаи синфи якум гуфтааст: «Бачаҳо, ба мактаб омода шавед. Хурӯс кайҳо фарёд зад. Ратухино, соли 1909». Чӣ ҳунарпешаро маҷбур месохт, ки аз мардум шиносоиашро бо арбобони барҷастаи маданият, ки Ҳукумати Шӯравӣ ҳам онҳоро писандидааст, ниҳон дорад? Чаро хоҳиши духтари Шаляпинро рад кард ва дар ҷашнвораи санъаткори бузург ширкат наварзид?

Посухи пурсишҳо одист ва дар айни замон фоҷианок. Любов Петровna аз барҳам задани образи шаклгирифтаю суфтагаштааш метарсид, аз синну солаш метарсид, метарсид, ки ҳаводоронаш аз «тоинқилобӣ» буданаш иттилоъ меёбанд.

пешина
аз 424
навбатӣ