Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ҳунарпешаи мардумии СССР (1950). Солҳои 1926- 1933 дар Театри мусиқии ба номи Немирович – Данченко, аз соли 1955 дар Театри ба номи Моссовет нақшҳо офаридааст.

Дар филмҳои мусиқии мазҳакавии коргардон Г. Александров «Бачаҳои шӯх», «Сирк», «Волга- Волга» ва ғайра симои қаҳрамонони мусбатро эҷод кардааст. Дорандаи Ҷоизаи давлатии СССР (1941, 1950).

Дар таърихи кинои шӯравӣ ӯ ягона ситораи дурахшон аст. Дигараш алҳол падид наомада. Ин аз он сабаб нест, ки Орлова дар байни ҳунарпешагони рус, аз ҳама боистеъдод ва зеботар буд. Сабаб дар он аст, ки вай сидқан мекушид, ки нисбат ба дигарон як ангушт боло бошад, барои он ки дар ӯ ҳамаи омилҳои занро ба таври афсонавӣ ҷаззоб кардан ба ҳам муттаҳид шуда буданд ва ҳам танҳо ӯ дарк сохт, ки ситора бояд дар баландии баландиҳо ҷило диҳад ва барои ашхоси худбину бепарво дастнорас бошад, ситора будан ин на унвон асту на касб, ин зиндагист.

Орлова дар оилаи дворянини рус таваллуд ёфт ва ба воя расид. Аммо, вақте ки дар бораи Любов Петровна ёддоштҳо мехонӣ ë ӯро дар экран мебинӣ, аз як андеша дур рафта наметавонӣ: рӯ ба рӯи мо бонуи ғарбӣ истода бо чеҳраи кушода,

пешина
аз 424
навбатӣ