Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

ёбад, ҷойгоҳи босазои хешро дар зиндагӣ соҳиб гардад. Боре аз дилтангӣ Маргарет намедорист ба чӣ коре даст занад. Ҷон гуфт, ки таърихи ҷанги шаҳрвандиро аъло медонӣ, хуб мешавад дар борааш қалам ронӣ.

Маргарет дар фазои ҳикояҳо дар бораи ҷанги гражданӣ ба воя расида буду таърихи ҷанги Шимолу Ҷануби кишварро аъло медонист. Ва ҳамин донишро истифода набурд, кори нек набуд.

Тирамоҳи соли 1926 Ҷон ба Маргарет мошини чопии «Ремингтон» тӯҳфа намуд.

Ҳар заб, баъди бозгашт аз кор Ҷон саҳифаҳои мошиннависро мехонд, то посе аз шаб баҳси онҳо тӯл мекашид ва ҳамин минвол эҷод ва таҳрири асар идома меёфт.

Охири соли 1932 асар итмом пазируфт, аммо таҳрири он то соли 1935 давом кард. Муҳаррири шӯъбаи амрикоии «Макмиллан»-и англисӣ ҳис намуд, ки чопи китоб ба нашрияи ӯ даромади зиёд меорад. Вай розигии Маргаретров ба чопи китоб гирифт. Аммо розӣ шудан осон буду омодаи чоп намудан душвор. Зеро боби якуми асар 60 вариант дошт. Боз ёфтани номи мувофиқро намегӯед. Биллониҳоя Маргарет аз шеъри Эрнст Доусон ибораеро пазируфт: «Рабудагони боди самум».

Соли 1936 роман ба дасти хонанда расид, муаллиф сазовори ҷоизаи Пулитсеров гардид. Вале аз ҳама аҷибаш ин буд, ки Маргарет ба мухлисон, ба ҳамдиёрон симои «шаҳрванди ҳақиқӣ»-ро пешниҳод кард, ки ба ӯ ҳамоҳанг шудан меарзид. Мардҳо ба Рэт, бонувон дар либоспӯшию ороиши мӯй ба Скарлетт тақлид менамуданд. «Услуби Скарлетт», бо ин ном газвор, кулоҳҳо, дастпӯшакҳо истеҳсол мешуданд. Кинопродюсер Дэвид Селзник чор сол дар рӯи сенария арақи ҷабин рехта, филми «Рабудагони боди самум»-ро ба навор бардошт.

Нахустнамоиши он, ки дар Атланта баргузор гашт, ҳам ба филм, ҳам ба роман ва ҳам ба муаллиф шӯҳрати беқиёс овард. Ба саволи «Хӯш, Ҷон, аз обрӯи завҷаатон мефахред?» - Марш гуфт: «Ман аз вай то навиштани китобаш ифтихор мекардам».

пешина
аз 424
навбатӣ