100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
аст, ки наметавонам, ба тамоми ҳастӣ дӯст дорам...» Ҳарчанд Маргарет тарбияи пуританӣ, яъне ба оила ва анъанаҳои он садоқат доштан гирифта буд, дар ботини ӯ «шайтончаи дандонтез» ниҳон мехобид. Ва он аз саҳифаҳои «Рабудагони боди самум» ба хонанда маълум аст.
Дӯстон бовар доштанд ба издивоҷи Ҷон ва Пеггӣ. Дар воқеъ аллакай арӯсшаванда ба модари домоди оянда писанд омада буд ва Маргарет шомгоҳон ба вай ҳикояи навашро мехонд, аз орзуҳояш ҳикоят мекард. Ва ногаҳон воқеае рух медиҳад, ки аз он ҳама ба ҳайрат меафтанд. Пеггӣ 2 сентябри соли 1922 ба Ред Апшоу, шахси бетолеъ, майзада, бекора, аз уҳдаи таъмини оила набароянда, кӯтоҳандеш ва зиқовар, ба шавҳар баромад.
Албатта, ин таҷриба ҳосили хуб ба бор наовард. Ҳаёти онҳо ба сони азоби ҷаҳаннам сурат мегирифт. Ба Пеггӣ зарур меомад, ки ба таҳқирҳо, дашномҳо ва зарбаҳои мушти Апшоу таҳаммул намояд. Агар меҳрубонӣ ва садоқати Ҷон намешуд, кӣ медонад, ҳоли Маргарет ба чӣ меанҷомид. Ҷавонмард дар ниҳоди хеш ошӯби рашкро бо зӯрии ирода мутеъ сохта, ба дӯстдораш ёрӣ мерасонад, ки вай ҳамчун шахсияти барҷаста камол ёбад.
Нерӯи ишқи ҳақиқӣ барои Маргарет дар садоқати Ҷон рӯшан гашт. «Метавонам танҳо бигӯям, ки, – навишта буд Маргарет ба модари Ҷон, – ман аз самими дил Ҷони бовафоро дӯст медорам, ба ӯ бовар дорам, ба ошиқи ҳалиму ғамхор».
Ахиран Маргарет аз Ред ҷудо шуд ва дар соли 1925 бо Ҷон Марш ҳамболин гашт. Онҳо худро хушбахт меҳисобиданд. «Аз рӯи табиати одамӣ мо аз ҳамдигар хеле тафовут дорем, – мехонем аз ёддоштҳои Марш, – аз ин рӯ ба ҳайрат афтодан мумкин аст, ки мо чӣ гуна бо ҳам забон ёфтем, охир, ҳарчанд шигифтовар аст, аллакай солҳо боз якҷояем. Шояд сир дар он аст, ки вай ҳамаи соддагиҳои маро мебахшаду ман бошам – ӯро.»
Вале, эҳтимол, дар хушбахтии онҳо боз дигар омилҳо нақш
бозидаанд. Масалан, Ҷон дар бораи ояндаи худ кам андеша
меронд, ҳама вақт мекӯшид, ки завҷааш чун шахсият сайқал

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор