100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
бошад, аз кӣ тарзи тасвири муҳокимарониҳои рӯҳиро омӯхтааст? Ҳама саволҳо ҷавоб мехоҳанд.
Дар ҳолномаи Маргарет Митчелл ҳодисаҳои шавқангез каманд. Дар овони наврасӣ духтараки ҳардамхаёл буд ва ба ҳар гуна ишқварзӣ шавқ дошт. Ҳанӯз ҷавон буд, ки модар гум кард. Аз ин рӯ бори хонадорӣ бармаҳал бар дӯшаш афтод. Ҳол он ки ваӣ ба кору бори хона шавқе зоҳир намесохт. Вале ин ҳолат ба хислати арбадаҷӯй, дӯстдори таваккал кардану моҷароҳои ӯ таъсир нагузошт. Шояд, баъди сипарӣ гаштани солҳои зиёд беқарорӣ ва гоҳо бемантиқии ҳаракатҳои худро дар симои қаҳрамони «Рабудагони боди самум» тасвир намудааст. Набошад чӣ тавр метавон шарҳ дод, ки чаро ҳар гуна ҳилаву найрангҳои дар овони ҷавонӣ содир кардаашро дар иҷрои Скарлетт низ мебинем ва ин ҳаракатҳои фитнабонаи айёми шубоби нависанда хешону шиносҳоро дар ҳайрат мегузоштанд.
Соли 1921 Пеггӣ (одамони наздик Маргаретро чунин ном мебурданд) дар «Хонаи заргӯш», ҷои чойнӯшию ҳакоиши донишҷӯён, адибону журналистони навқалам бо Ҷон Марш шинос шуд. Вай, марди 26-сола, басо ҷиддӣ ба назар мерасид, ботаҳаммул, боинтизом, ҳисси масъулиятшиносиаш рушд ёфтаву мақсадаш низ буд. Ҷон барои Маргарет номзади арзанда ба ҳисоб мерафт. Ва ҳам «дилбари ҷанубӣ» кайҳо дили ӯро рабуда буд. Духтарак на танҳо маҳҷабин, балки ҳамчун ровии қиссаҳо шунавандаро зуд мафтун месохт, дар ҳозирҷавобӣ назир надошт ва орзуи журналист шудан мекард.
Баъди хатми донишгоҳи Кентуккӣ Ҷон барои бо Пеггӣ наздик будан, ба Атланта кӯчид. Ба хушрӯяки сабукандеш ғалабаи осон писанд наомад ва ҳам намехост ба зудӣ аз хушомадгӯӣҳо ва хизмати дигар ошиқон маҳрум гардад. «Ман ба марде дил бохтан мехостам, ки, — навишта буд дар ҷавонӣ Маргарет, вай аз дигар занҳо дида маро бештар ва сидқан дӯст дорад. Мехоҳам ба шавҳар бароям, ба шӯям ёрӣ расонам, кӯдакони солим ба дунё орам. Вале бадбахтӣ дар он

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор