Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан
  • китоби бозоргири ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

Ба сари қаҳрамонҳои ситорагарми ба ҳайратоварандаи Маргарет Митчелл, Скарлетти кабудчашм, бо нафосату латофат, бесуботу бемаслак, ҷонсахт ва Рэт, ҷавонмарди дар тиҷорат ӯҳдабаро, ки ба гирдоби ҷангҳои шаҳрвандии солҳои 1861-1865 кашида шуда буданд, борони шадиди воқеаҳои зиёде рехт. Ва ин ҳамаро ба шигифт овард. Зеро на ба ҳамаи қаҳрамонҳои асарҳои адибони соҳибзавқи машҳур муяссар гаштааст, ки аз чунин тӯфонҳои балоовар ҷон ба саломат бурда ва аз чаҳорчӯбаи роман баромада, ба сони одамони муқаррарӣ ҳамроҳи дигар сокинони воқеи умр ба сар баранд. Қаҳрамонҳои бофтаи Маргарет Митчелл ба тарзи зист ва амали ҳаррӯзаи инсонҳои заминӣ таъсир мегузоштанд ва барои мардум одами худӣ ба ҳисоб мерафтанд.

Аз ҳама шигифтовараш он аст, ки қалами эҷод ба нависандаи ботаҷрибаю пухта, ки дар тӯли умри бардавом ба қуллаи шӯҳрат зина ба зина заҳмати зиёд кашида баромада бошад, мутааллиқ набуд. «Рабудагони боди самум» нахустин ва китоби ягонаест, ки аз ҷониби соҳибхоназани Атлантаи иёлати Ҷорҷия эҷод гаштааст. Ва аммо ӯ зане буд аз ҳад зиёд дӯстдори таърихи Амрикои Ҷанубӣ ва ҳам донандаи хуби он. Дастоварди шигифтангези «Рабудагони боди самум» ҳисси кунҷковии бисёриҳоро бедор намуд ва имрӯз низ ба таҳрик меорад: калиди чунин илҳоми нобаҳангом дар чӣ бошад, ки дили як зани одиӣ хонашинро мунаввар сохт. Ва ӯ аз куҷо ин ҳама воқеаҳои дар китоб тасвирёфтаро хондааст ё аз кӣ шунида

пешина
аз 424
навбатӣ