Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Албатта, ҳаёти зани қашанг бе мард тасаввурнопазир аст. Буданд дар зиндагии ӯ мардони зиёд. Аммо, баъди он ки дар соли 1933 фашизм ба сари қудрат омад, Гитлер ва Геббелс Чеховаро ба қабули расмӣ даъват карданд. Дигар ягон қабули расмию нимрасмии Гитлер бе иштироки Олга Чехова сурат намегирифт. Ҳар як нақши офаридаи ӯ аз ҷониби роҳбари Олмон қадр мегашт. Соли 1935 Олга Чехова соҳиби унвони олии «Ҳунарпешаи давлатии Олмон» мешавад.

Бо Геббелс риштаи дӯстиаш қавӣ буд. Баъди ҷанги дуюми ҷаҳон овоза шуд, ки Олга Чехова барои разведкаи шӯравӣ бисёр сирру асрори фашистонро хабар медодааст, яъне ӯ ҷосуси шӯравӣ дар лонаи фашистон будааст ва ҳатто соли 1945 гӯё ба Маскав омадааст.

Ба ҳар ҳол бисёр асрори зиндагиномаи Олга Чехова ба мо ноаён аст. Вай, баъди марги фоҷиавии духтараш дар садамаи нақлиётӣ пурра аз саҳнаи кино рафт. Барои таъмини ояндаи наберааш Вера соли 1955 салони «Олга Чехова Косметик»-ро созмон бахшид, ки он дар як фурсати кӯтоҳ шуҳрат ёфт. Қаҳрамони мо то вафоташ ҳар сол 15 июл ба маҳалли Баденвейлер меомад, ки он ҷо чандин сол пештар Антон Павлович Чехов сафари охират карда буд.

Маргарет Митчелл
(Солҳои зиндагиаш 1900-1949)

Адиби амрикоӣ. Ба шарофати романи «Рабудагони боди самум» машҳур гаштааст.

Романи «Рабудагони боди самум» бори нахуст соли 1936 ба нашр расида буд. Аз он замон то ба имрӯз асар ба 27 забони дунё тарҷума ва 185 маротиб аз нав чоп шуд, ба бестселлер

пешина
аз 424
навбатӣ