100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
воқеъ ҳолаш бад шуд ё ҳунари актёриаш дар ин ҷо саҳм гирифт.
Ба ҳар ҳол ӯ ба болои зинаҳо афтод. Олгаи хурдӣ низ сахт тарсид ва баробари холаш ҳушашро бохту ба паҳлӯи ӯ ғалтид. Ғавғоро шунида модари домод Наталя Александровна, зани асабию камқувват ба сари ҳодиса омад ва ӯ низ аз тарс ҳуш бохт. Ва Михаили бечора бо навбат бонувонро бардошта ба хона даровард...»
Моҳи августи соли 1915 Олга духтарча ба дунё овард, аммо зиндагиаш хушбахтона набуд. Зеро ҳар ду ҳунарпешаи мумтоз ба ҳисоб мерафт ва ғурури ҷавонӣ намегузошт, ки онҳо бо ҳам дар масъалаҳои театр, намоишномаҳо, нақшҳо созиш намоянд.
Соли 1921 Олга аз Михаил ҷудо шуд ва ба Олмон кӯч баст, аммо насаби собиқ шавҳарашро нигоҳ дошт. Сабаби ба Олмон рафтанашро Олга даъвати таҳиягарони филм номид. Аммо ӯро он ҷо касе интизор набуд, лисони олмониро намедонист. Вале Олга париваш буду кино ҳоло «забон» набароварда буд. Вай бовар дошт, ки комёбӣ насибаш мегардад. Ӯ дар шабнишиние бо продюсер Эрих Поммер шинос гашт ва ӯ Олга Чеховаро дар филми «Қалъаи Фогелед» ба навор гирифт.
Дар тӯли 3-4 сол Чехова чунон забони олмониро омӯхт, ки талаффузи ӯро аз бонувони немис фарқ карда намешуд. Вай бо театри «Ренессанс» шартнома баст. Ӯ он замон дилрабо, зиндадил, боирода ба назар мерасид ва барояш иҷрои бисёр нақшҳои марказиро пешниҳод мекарданд. Қораш равнақ гирифт, модару духтарчааш ва баъдтар Михаил Чеховро бо завҷаи дуюмаш ба Олмон даъват намуд. Михаил дар филми «Ғуломи ишқи худ» нақши асосиро бозид. Таҳиягари он Олга Чехова буд.
Олга Михаилро бо таҳиягари машҳури Олмон Макс Рейнхард шинос кард.
Баъди он ки кино ҳам «забон» баровард, обрӯи Олга даҳчанд боло рафт. Бо иштироки ӯ бисёр филмҳо ба навор гирифта шуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор