100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
ба бар қадам гузошт ва боназокат табассум карда, каме сар поин афканда худро муаррифӣ намуд: «Александров».
Чил сол онҳо бо ҳам зистанд, эҷод карданд, ба қуллаи шӯҳрат баромаданд ва талхиҳои нокомӣ чашиданд. Александров, ки аз саёҳати Амрико баргашта буд, мехост филмҳои мусиқию мазҳакавӣ созад. Вай дар симои Орлова иҷрои нақшҳоро дид. «Бачаҳои шӯх» шӯҳрати ҷаҳонӣ овард ба онҳо. «Амрикоиҳо то ин дам бо Русияи Достоевский ошна буданд. Акнун онҳо диданд, ки рӯҳияи одамон ба куллӣ тағйир ёфтааст. Онҳо шоду бардам механданд. Ин ғалабаи калон аст. Нисбат ба тиру туфанг ва суханрониҳо ин филм бештар ҳаёти шӯравиро тарғибу ташвиқ менамояд», - навишта буд Чаплин дар хусуси шоҳкории шӯравӣ. Қадрдони асосии санъати кишвар Сталин низ дар канор наистод. «Бисёр филми шӯх. Гӯё, ки як моҳ дар рухсатӣ дам гирифта бошам», - гуфт ӯ. Халқи одӣ бошад мавҷ-мавҷ ба толори кино меомад. Сурудҳои «Бачаҳои шӯх»-ро ҳама мехонд. Орлова ба симои давру замон табдил гашт. Вай ба мисли ҳар як ситора «аз они худӣ» менамуд, азиз, наздик ва дар айни ҳол дастнорас, афсунгар метофт, ӯ моҳи беайб буд ва дар ӯ зебоии тасвирнопазири хаёлӣ, ҷавонӣ, чобукӣ таҷАССУМ меёфтанд. Мӯъҷиза рӯ ба рӯ меистод. Сталин зуд ҳис намуд, ки чунин санъатвари соҳибистеъдод, босалиқа ба сифати ситораи синамои кинои шӯравӣ дар хориҷа мақоми арзандае меёбад. Дар яке аз қабулҳо доҳӣ падарона ба ситора назар афканда дилсӯзона ғурунгид: «Чӣ хел хурдакакӣ! Чаро рангат паридааст?» Любов Петровна хост бо шӯхӣ раҳо ёбад, аз ин рӯ ба сӯи Александров ишора намуда гуфт: «Ана гунаҳкор, аз наворбардорӣ ба ҷон расонд, на рӯз, на шаб халосӣ нест». Сталин абрӯвон дарҳам кашид, ангушти ишорат боло бурд: «Дар ёд доред, рафиқ Александров, Орлова дастоварди халқи мост. Орлова дар байни мо якто ва, агар шумо ӯро азоб диҳед, мо шуморо ба ҷазои сахт гирифтор менамоем. Мо шуморо меовезем, ба чор ҳисса тақсим мекунем, баъд аз тӯбҳо мепаронем».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор