100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
шогирдонашро маҷбур мекард, ки пораҳои достонҳои «Илиада» ва «Одиссей»-ро аз ёд намоянд. Гермодамас дар қалби Пифагори наврас меҳр ба табиат ва сирру асрори онро ҷойгузин сохт.
Пас аз чанд сол ӯ бо маслиҳати устодаш баҳри идомаи таҳсил рӯ ба Миср овард. Аммо то Миср роҳ хеле душвору тӯлонӣ буд. Баъди тарқи ҷазираи Самос дар ҷазираи Лесбос, дар хонаи Зоил ном хешаш ҳаёт ба сар мебарад. Дар ин ҷо шиносоии Пифагор бо Ферекид, файласуф, дӯсти Фалеси Милетӣ, ба вуқӯъ мепайвандад. Пифагор аз Ферекид илми астрология, пешгӯии гирифтани моҳу офтоб, асрори адарҳо, тиб ва ғайраро меомӯзад.
Сипас маърӯзаҳои Фалес ва шогирди ҷавону болаёқати ӯ Анаксимандр, ҷуғрофидон ва астрономи мумтозро дар Милет мешунавад. Аз ин мактаб сабақи бузурге мегирад ва бо тавсияи Фалес баҳри пажӯҳиши минбаъда ба роҳи Миср мебарояд. Дар Финикия аз коҳинон низ таълим мегирад. Дар Миср ба шарофати ҳимояи Амазис ӯ бо коҳинони мемфисӣ ошно шуд. Бо ёрии онҳо ба маъбадҳои мисрӣ, ки барои ғайр дастнопас буданд, роҳ ёфт. Барои асрори маъбадҳоро омӯхтан ба тариқати коҳинон мегаравад. Пажӯҳиши муттасил ӯро ба олими забардасти замон мубаддал месозад. Дар Миср Пифагор ба форсҳо асир меафтад.
Ровиёни ахбор иттилоъ додаанд, ки ҳангоми асирӣ дар Вавилон Пифагор бо муғони форс вохӯрда, сирри ситорашиносӣ ва тасаввуф дарёфт, бо таълимоти донишмандони халдейӣ ошно гашт. Илми нуҷум, ситорашиносӣ, тиб ва арифметикаи халқҳои шарқро аз олимони Халдей омӯхт.
Дувоздаҳ сол асир буд Пифагор, то даме, ки шоҳи форс Дорои Гуштосп овозаи шӯхраташ нашуниду озодаш накард.
Пифагор озими ватан шуд, мехост дониши андӯхтаашро ба халқаш бахшад. Аммо Юнон акнун дигар буд. Донишмандон ба истисмори форсҳо тоб наоварда, рӯ ба ғарибӣ меоварданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё