100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Бисёриҳо ҷануби Италияро маъво гирифтанду Юнони Бузургаш хонданд. Сиракуз, Агригент, Кротон ном шаҳрҳо сохтанд. «Дар чилсолагӣ, - мегӯяд Аристоксен, - Пифагор аз ҷабру зулми Поликрат ҷигаркабоб шуду рӯ ба Италия овард».
Соли аз Самос рафтани ӯро Аполлодор соли якуми олимпиадаи 62-юм (солҳои 532-531 то милод), Тимей бошад соли 529 то милод ҳисоб кардаанд.
Дар шаҳри Кротон Пифагор мактаби файласуфии худро созмон додан хост. Дар байни мардум обрӯ, шаъну эътибори ӯ барқосо боло рафт. Ба шунидани ақидаҳои ӯ на танҳо мардон, балки бонувон низ гирд меомаданд, ҳарчанд барои онҳо ширкат варзидан дар ҷамъомадҳо аз рӯи қонун манъ буд. Дере нагузашта яке аз чунин қонуншиканҳо, духтари Боронт, Теано, завҷаи Пифагор мешавад.
Тимей иттилоъ додааст, ки «духтари Пифагор дар хори духтарона ва баъди ба шавҳар баромадан дар хори занона овозхони аввалин буд». Ба ақидаи Порфирия номи ӯ Мийа будааст. Аз писарони Пифагор бештар Телавг ва Аримнест маъруфанд. Ровиёни минбаъда бо номҳои гуногун боз писару духтарони дигари файласуфро зикр кардаанд.
Вақте ки Пифагор дар Кротон пайдо гашт, дар ин ва дигар шаҳрҳои Юнони Бузург нобаробарии аҳли ҷомеа ба авҷ расида буд. Дорою нодор дар ҳамсоягӣ мезист. Пифагор бо барномаи мушаххаси ахлоқӣ баромад кард. Халқ ӯро нозири ахлоқ баргузид. Файласуф ҷиҳатҳои беҳтарини динҳои гуногунро чида, таълимоти худашро ба як шакли муайян даровард, ки дар он табиат, инсон ва кайҳон бо ҳам дар алоқамандии муттасил буда, ҳамаи одамон дар рӯбарӯи абадият ва табиат баробаранд. Пифагор, ки усулҳои корбарии коҳинони мисриро омӯхта буд, «рӯҳи шунавандагонашро тоза мекард, аз дилашон бадиро дур месохт ва ақлашонро бо ҳақиқати кул мепайваст». Дар сатрҳои зарринаш Пифагор қоидаҳоеро васфу тараннум мекард, ки онҳо рӯҳи роҳгумзадаҳоро ба сӯйи ҳақиқат, камолот интиқол медоданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё