100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Вале теоремаи геометрӣ танҳо як ҳиссаи ночизи дастовардҳои илмии риёзидон, файласуфи Юнони Қадим, ходими барҷастаи дину сиёсат, асосгузори пифагореизм мебошад.
Дар мактаби Пифагор бори нахуст геометрия ба сифати фанни мустақил шинохта шуд. Маҳз Пифагор ва шогирдони ӯ ба пажӯҳиши геометрия ҳамчун илми назариявӣ дар хусуси шаклҳои геометрии абстракт даст заданд.
Дастоварди муҳимтарини илмии Пифагор ба математика муттасил ворид сохтани исбот аст. Қайд кардан ҷоиз, ки танҳо пас аз ҳамин амал математика ба илм табдил ёфт. Бо таваллуд шудани математика илм ба дунё омад, зеро «ягон тадқиқоти инсон, то аз исботи математикӣ нагузарад, илми ҳақиқӣ ба ҳисоб намеравад» (Леонардо да Винчи).
Ба ақидаи Пифагор (Самосӣ, Файсоғурас) асосҳои математика — ададҳо — дар айни замон асосҳои дунё ва муносибатҳои ададӣ ин инъикоси мутаносиби худи гетӣ мебошад. Аз ин рӯ ҷаҳон «Кайҳон» ном гирифт, зеро дар он қоида ва мутаносибӣ ҳукмронанд. Бори нахуст фарзияи пуфакмонанД будани замин дар мактаби Пифагор ба миён омад. Пифагор назарияи мусиқӣ ва илми садо (акустика)-ро рушд бахшид.
Дар асри VI то милод маркази илмию мусиқии Юнон ҷазираҳои Ионияи баҳри Эгейи Осиёи Сағир ба ҳисоб мерафтанд. Дар ҳамин ҷо, дар оилаи устои ҳунарманд, наққошу кандакори мумтоз Мнесарх писаре таваллуд шуд. Аз рӯи ривоятҳо Аполлон ба Мнесарх ва завҷаи ӯ Парфенис хабар расонидааст, ки онҳо соҳиби писар мешаванд ва тавсия медиҳад, ки ба Сурия шино намоянд. Парфенис дар Судон чашм равшан намуд. Мувофиқи анъанаи қадим ба шарафи Аполлони Пифийи модар Пифиада ва тифл Пифагор ном гирифтанд. Падар ба таълиму тарбияи фарзанд сахт камар баст.
Математик ва файласуфи оянда аз хурдӣ ба илмомӯзӣ беҳад ҳарис буд. Аз омӯзгори нахустинаш Гермодамас асосҳои мусиқӣ ва рассомӣ омӯхт. Муаллим барои сайқал ёфтани хотира

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё