Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ҳунарпешаи кино ва театр. Дар
Олмони фашистӣ кор кардааст.

Насаби ин зан, бешубҳа, сабаб гашт, ки дар хусуси мансубияташ ба оилаи нависандаи маъруфи рус ва зиёиёни пешқадам бисёр гапу калочаҳо ба миён оянд. Агар сеҳри адиби бузург Антон Чехов ва ҷодуҳунарии актёр Михаил Чехов намебуданд, шояд қаҳрамони мо дар таърих ин гуна машҳур нагашта, танҳо чун ситораи ҳунари синамогарӣ ба як доираи танги киношиносон ошно мемонду бас. Вале завҷаи якуми Михаил Чехов буданаш ӯро барои мардуми кишвараш ангуштнамо кард. Ва ҳам, хушбахтона, ба вай аз рӯзи мавладаш бахт механдид. Ба ҳар ҳол худаш ҳам ба ин насаби машҳур сазовор зане буд: зебо, ҳунарпешаи мумтоз, бонуи дилрабо ва бо хислати хосаи ба мақсад расидан. Инсоне буд дорои сирри ниҳону ҳаёти дугона...

Падари ӯ Константин Книппер вазири роҳҳои алоқа буду аз зумраи он мансабдороне ба ҳисоб мерафт, ки аз шиносияшон бо беҳтарин мардони зиёии хирадманди кишварашон ифтихор доранд.

Боре мактуби сарнишини ҳавопаймо, дӯсти олмониамро,
ки дар ҷанг ба ҳалокат расида буд, ба такрор мехондам. Нохост, зикр кардааст Ольга, «номаро мехондаму дар рӯи сатрҳо
симои Лев Толстойро медидам. Вай ба ман тарзе менигарист,

пешина
аз 424
навбатӣ