100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
ба якдигар одат карданд, агар ҷудо шаванд, ба ду тараф ҳам бори ҳаёт гаронтар мегашт. Инро Светаева, қалби шоиронаи ӯ дарк сохт ва ахиран ишқи Константинро рад намуд. Аммо муносибати пештарааш бо Сергей дигар зинда нашуд.
Марина боз бо чанд нафар ишқ варзид, лекин муҳаббати вай дар амал не, танҳо дар рӯи варақ амалӣ мегашт. Масалан, ба Борис Пастернак номаҳои ҷонгудозе навишта буд, ки ҳатто рашки сӯзони завҷаи Пастернакро ба миён оварданд. Аммо дар амал онҳо бо ҳам вонахӯрдаанд. Ӯ наметавонист бе ишқ, бе ошиқ зистан. Вақте ки ин сарчашмаи илоҳӣ хушк шуд, вай дигар ба завқ наомад, эҷодиёташ қатъ гардид, ин маънои онро дошт, ки зиндагӣ падрудаш гуфт. Зеро барои Светаева ҳаёти муқаррарии одамӣ бе назм назокаташро гум мекард. Фаронса ба оилаи Эфронҳо рӯи хуш надод, вақте ки онҳо ба ин ҷо кӯчида омаданд. Ҳамзамонон зикр кардаанд, ки Марина пас аз таваллуди писарчааш дар соли 1925 зуд пир шуд. Дар воқеъ аз оиладорӣ мадори ӯ хушк мегашт. Субҳ ба ҷои шеър гуфтан хона мерӯфт, пироҳани кӯдак мешусту дарбеҳ мекард. «Аз кори ғайридил хаста шудам, ки бароиш умр кӯтоҳ менамоям. Беҳад мехоҳам шеър бигӯям. Шеър ва умуман аз навмедӣ». Вале шеърҳои зиёде, ки суруда буд, чоп намешуданд. Ин шоираро ба вартаи яъсу ноумедиҳо меафканд.
Дар оила низ фазои нохуш ҳукм меронд. Эфрон ба сафорати шӯравӣ муроҷиат намуд, ки мехоҳад ба ватан бозгардад. Бо НКВД робита баст. Ӯро духтараш Аля ҷонибдор буд. Аммо Марина намехост ба Русия баргардад. Нахуст Аля муқими Маскав шуд. Баъд Сергей. Охири соли 1939 Светаева низ ба Маскав омад. Баъди якчанд моҳ Аля ва Сергейро ҳабс карданд. Барои Марина ҳаёт ба сони дӯзах буд. Ду сол ба духтару шавҳари зиндониаш ғизо кашонд, писарчаи наврасашро тарбият кард. Дигар тоқаташ тоқ гашт ва косаи сабр лабрез шуд. Рӯзи охирини тобистони соли мудҳиши 1941 дар Елабург худро овехт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор