Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

осон нест, вале, ба ҳар ҳол, маҳз Марина номи ӯро дар қалби ояндагон абадӣ ҷой кард.

«... Ту дар маҳзани таърих ҷовид мемонӣ», - навишта буд Светаева дар як шеъраш ба шавҳараш муроҷиат намуда.

Зиндагӣ бошад барои онҳо мушкилиҳои зиёди сангинро омода месохт. Баъди инқилоб нерӯи ҷавонии Сергей ӯро ба сафи сафедҳо овард. Чанд сол аз оила дур шуд, ки он ҷо аллакай ду духтарчааш тарбия меёфт. Дар оиладорӣ Марина бетаҷрибаю ноӯҳдабаро буд, дар таъмини духтарон азоб мекашид. Дӯстон низ Маскавро тарк карданд ва ӯ тирамоҳи соли 1919 танҳо монд. Аз гуруснагӣ духтарчаҳоро ба сағирхона супурд. Зимистони соли 1920 Ирина, духтарчаи хурдиаш, аз сардию гуруснагӣ фавтид. Барои Марина азобу машаққат, гуруснагӣ, аз сардиҳои зимистон ларзиданҳо оғоз ёфтанд. Ба назараш азоби ҷаҳаннамро мекашид. Дигар аз шеърҳояш оҳангҳои хуш, зиндадилӣ, ҷӯшу хурӯш ва даъват ба ишқварзӣ ҳис намегаштанд.

Баҳори соли 1922 бо духтари даҳсолаш ба Берлин кӯчид, ки он ҷо шавҳараш баъди шикасти сафедҳо мезист. Сипас, мӯҳтоҷи онҳоро ба як шаҳрчаи назди Прага овард. Марина ба ҷои эҷоди шеър акнун хӯрок мепухт, сару либос медӯхту мешуст, ба бозор мерафт ва кӯшид, ки маводи арзонтар бихарад. «Ҳаёти оилавӣ меронам, ки ҳам дӯст медорам ва ҳам чашми диданам нест, гӯё дар байни гаҳвораю гӯрам, ҳол он ки на тифламу на мурда», - навишта буд дар як номааш. Баъди чанде зиндагӣ барояш хуш гашт. Оре, ишқ омаду ҳамаи яъсу ноумедиҳо рафт. Ба рафиқи Сергей Константин Родзевич дил баст. Хушҳол, ба худ дилпур ва заминӣ буд Константин ва бо ҳамин хислатҳояш қалби Маринаро тасхир кард. Марина Светаева ба ӯ манзумаи «Достони фарҷом»-ро бахшидааст.

Ҷанҷоли сахт сар зад. Эфрон ишқварзии навбатии завҷаашро наметавонист ба осонӣ бахшад. Вале аз баҳраш ҳам гузаштан барои ӯ душвор буд. Онҳо солҳои зиёд бо ҳам зистанд,

пешина
аз 424
навбатӣ