Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

ХХ тарбия намуданд. Иван Владимирович Светаев, профессор, мудири кафедраи донишгоҳи Маскав, олими маъруфи филология, он замон як мақсад дошт: бунёди осорхонаи саноии нафиса. Албатта, амалӣ шудани ин идея имконнопазир буд, ба ақл рост намеомад, аз ин рӯ ба назараш шавқовар менамуд. Вай чилу шашсола буд, ки Марина ба дунё омад. Шахси беозор, дарёдил, ҳамеша банди андешаҳо буд ва ҳамин тавр дар ёди Марина ва хоҳарчааш Ася мондааст.

Марина ва Ася чун боярддухтарони Маскав дар оғӯши маскарадҳо, театрҳо, барномаҳои солинавӣ, сайру саёҳатҳо ба воя расиданд.

Марина ба ҳама касу ба ҳама чиз сахт меҳр мебаст. Масалан, вай Наполеонро дӯст дошт ва дар ҳуҷраи хобаш аксҳои зиёди ӯро гузошт, ҳатто дар бари иконаҳо ҳам. Аммо ишқи вай беҳудуд буд, мехост ҳама мавҷудоти олам дар оғӯшаш бошад. Сайёра бо ҳар сокинаш бароиш азиз буд ва ӯ дар ишқ ба воситаи ишқ хештангарой меҷуст ва намеёфт... Лекин мисраъҳои ҷонгудози шигифтангез ба ёдгор мемонд, ки дар онҳо ҳиссиёт дар кӯраи ишқ гудохта шуда ба калимаҳои дилрабо мубаддал гаштаанд.

Зоҳиран Марина дар ҳамаи шуғлҳояш ҳамчун шоир — махлуқи ғайриодӣ, бо нишонаҳои осмонии ба одамони заминӣ номафҳум аён мешуд. Шояд танҳо ба Сергей Эфрон, ки бо ӯ дар нуздаҳсолагиаш издивоҷ намуда буд, Марина ҳиссиёти ҳақиқии занона зоҳир сохт. Бо вай Светаева худро зан мепиндошт. Хоҳараш Ася навиштааст, ки Марина ҳақиқатан басо зебо буд ва дар солҳои аввали арӯсиаш бо Сергей хушбахту босаодат зист.

Аз рӯи ёддоштҳои муосирон Сергей Яковлевич шахси қоматбаланд буду чашмони симобӣ-кабудранг, табассуми малеҳ ва дили пурмеҳр дошт. Дар нишастҳо гули сари сабат буд, дар атрофаш ҳамеша ҷавонон ҳалқа мезаданд. Марина доимо хислатҳои ҷавонмардии Сергейро таъкид мекард. Дар васфи ӯ бисёр шоҳбайтҳо гуфтааст. Албатта, ба Сергей ҳасад бурдан нашояд, охир нақши шавҳари шоираи нобиғаро бозидан

пешина
аз 424
навбатӣ