100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
аз маҳбас озод кард ва ҳамроҳаш ба Новосибирск, аз он ҷо ба Тифлис бурд. Дар Тифлис онҳо соҳиби писар Юрий шуданд. Дар Константинопол бо ҳам расмӣ издивоҷ карданд. Дар Белград Настя ба дунё омад. Зиндагиашон дар ғурбат сангин буд. Настя аз дунё чашм пӯшид. Баъди вафоти духтарча рафти зиндагии Елизавета Юревна ба куллӣ тағйир ёфт. «Аз қабристон тамоман бо рӯҳияи ғайр баргаштам... Дар пеши назари худ роҳи навро дидам, ҳаёт маънои дигар пайдо намуд: модари ҳама будан, ба ҳама талабгорон меҳри модарӣ бахшидан, бечораҳоро ба ҳимоя гирифтан мехостам. Боқӣ ҳама дар ҷои дуюм меистод».
Сипосгузорӣ ба Скобсов ба муҳаббат табдил наёфт, сояи Блок, ки ба марги ӯ Елизавета Юревна хеле сӯхт, мисли пешина ҳамеша дар бараш буд. Ва ӯ соли 1931 мӯи сар тарошид ва роҳиба шуд. Хонаеро ба иҷора гирифта, ба парастории беморони бекас пардохт. Вай харротӣ, чӯбкорӣ, андовагарӣ, ширдӯшӣ, кишоварзӣ ва рассомӣ мекард. Ҳамчун модар Мария дар Париж шӯҳрат ёфт. Соли 1935 Гаяна, коммунисти фидой, дар Маскав аз беморӣ фавтид. Соли 1943 модар бо писараш Юрий бо гуноҳи ёрӣ расондан ба яҳудиҳо ба конслагери фашистҳо афтод.
Аз рӯи ёддоштҳои асирон модар Мария ҳамеша ба дигарон меҳрубониро арзонӣ медоштааст ва касе аз ӯ шикояте аз зиндагӣ нашунидааст. Мегӯянд, ки Елизавета ба камераи газ низ ба ҷои духтараке ихтиёрӣ рафтааст, либосҳои рақамдори ҳамдигарро иваз карда. Шояд ин аз ривояте беш нест, аммо одаме, ки бароиш чунин ривоят мебофанд, албатта, афсонавӣ аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор